расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ҷангҷӯён ба муҳофизати Буддо "камар бастаанд", вале на ҳама ба ваъдаҳои "Толибон" бовар доранд.

Сиёсат / Ҷаҳон

Ҷангҷӯён ба муҳофизати Буддо "камар бастаанд", вале на ҳама ба ваъдаҳои "Толибон" бовар доранд.

«Толибон» соли 2001 муҷассамаи Буддоро дар Бомиён шикастанд

Мақомоти «Толибон» гуфтанд, ки аз намояндагони ЮНЕСКО, Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал, хостаанд, ба Афғонистон баргарданд ва корашонро барои муҳофизати осори бостонӣ, аз ҷумла пайкараҳои азими Буддо дар Бомиён идома диҳанд.
Пайкараҳои 1500-солаи Буддо соли 2001 «Толибон» бераҳмона нобуд карданд ва хашми ҷомеаи ҷаҳониро барангехтанд. Акнун мегӯянд, барои муҳофизати осори бостонии гаронбаҳо дар шаҳри Бомиён камар бастаанд.

Сайфурраҳмон Муҳаммадӣ, масъули «Толибон» барои ҳифзи Бомиён, гуфт, «мо ба ҳама ин итминонро медиҳем ва омода ҳастем, ки осори таърихии вилояти Бомиёнро ҳифозат бикунем. Ин осор мол ё моликияти шахсӣ набуда ва нест. Ин мол ё ҳаққи ҳама миллати Афғонистон аст, самара ва натиҷаи ҳама афғонистониҳо ҳаст. Ҳар тавоне, ки дорем, барои муҳофизати инҳо кор мекунем.»

Нахуствазири «Толибон» Муҳаммад Ҳасан Охундро яке аз тарҳрезони асосии маҳви Буддо дар бист соли пеш медонанд.

Хабарнигори «Франс Пресс» аз намояндаи «Толибон» дар Бомиён пурсидааст, ки оё маҳви Буддо, ки яке аз бузургтарин ҷиноятҳо ба зидди осори бостонии башарият аст, кори дурусте буд?

Сайфурраҳмон Муҳаммадӣ гуфтааст: «Дар собиқ Иморати исломӣ, ки Буддоро шикастанд, ҳатман ба худ далеле доранд, кадом тавҷеҳе доранд. Ман дар бораи онҳо танқид ё эътирозе карда наметавонам, кадом гаперо гуфта наметавонам.»

То кунун осори бостонии Бомиёнро бар асоси як тарҳи ЮНЕСКО, Муассисаи илму фарҳанги Созмони Милал тармиму муҳофизат мекарданд ва «Толибон» гуфтаанд, ки намояндагони созмон баргаранду нотарсида корашонро идома диҳанд. Вале на ҳама ба ваъдаҳои «Толибон» бовар доранд.

Бастиен Варостикос, бостоншиноси фаронсавӣ, мегӯяд, «идеологияи „Толибон“ аслан боварибахш нест. Ин идеологияи маҳви пайкараҳо аст, ки мо дар гузашта дидем. Барои ҳамин, бояд эҳтиёткор бошем.»

Водии Бомиён дар қалби қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш борҳо шоҳиди таҷовузу ишғол ва ҷанг шудааст, вале Буддоҳои он, ки аз бузургтарин пайкараҳои Буддо дар ҷаҳон буданд, бо вуҷуди осеб дидан, қаду қомат ва сару сурате доштанд. Сару сурате, ки ба гуфтаи бостоншиносон, шояд дигар барқарор карда нашаванд.


Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​






Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Duanepooge | Гости

    Смотреть онлайн ТВ бесплатно на сайте https://onlinetv.one/ те, кто очень любит много времени проводить в интернете, непременно оценят данный сайт.

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.