расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Карзай: барои эътирофи "Толибон"* дар ҷаҳон, онҳо бояд аввал қонунияти миллӣ дошта бошанд

Сиёсат / Ҷаҳон

Карзай: барои эътирофи "Толибон"* дар ҷаҳон, онҳо бояд аввал қонунияти миллӣ дошта бошанд

Президенти собиқ гуфт, ки доштани қонунияти миллӣ дар ҳама кишварҳо асоси эътирофи байналмилалӣ мебошад.

 Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон мегӯяд, ки ҳукумати «Толибон»* бояд барои расидан ба эътирофи байналмилалӣ аввал қонунияти миллӣ ба даст орад, навиштааст Sputnik Аф-онистон.

Ба гуфтаи Карзай, доштани қонунияти миллӣ дар ҳама кишварҳо асоси эътирофи байналмилалӣ мебошад.

Вай гуфтааст, ки қонунияти миллии ҳукумати «Толибон»* — ро метавон тавассути интихобот ё бо назардошти вазъи кунунӣ тавассути Луи Ҷирга ба даст овард.

Пас аз ишғоли Кобул, «Толибон»* «Аморати Исломии Афғонистон» -ро таъсис доданд ва ҳамчунин ҳукумати муваққатӣ ташкил карданд. Аммо то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро эътироф накардааст.

Дар ҳамин ҳол Карзай таъкид кардааст, ки ҳукумати «Толибон»* бояд Қонуни Асосӣ дошта бошад.

Ӯ изҳор дошт, ки «Толибон»* ба сарқонуни шоҳии Афғонистон ишора кардаанд, аммо ниёз аст, ки ин қонун аз тариқи як фармон ҷорӣ шавад «пас таҳти парчами сегона идора карданро идома диҳанд».

Раисиҷумҳури пешин ба дахолати Покистон ба Афғонистон ишора кард ва гуфт, ки «Покистон намояндаи Афғонистонро нест».
Ба гуфтаи вай, ба ҷои мудохила ё ташвиқи ифротгароӣ ё терроризм, Покистон бояд бар асоси принсипҳои шаҳрвандӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо Афғонистон муносибатҳои мутамаддин барпо кунад.

«Мо мутмаинем, ки ҳукумати феълӣ, таҳрики „Толибон“* ба дахолати Покистон ҳассосият нишон медиҳад», — гуфт Карзай.

Қобили зикр аст, ки пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ, генерал Фейз Ҳамид;, раҳбари пешини истихбороти низомии Покистон (ISI) барои мулоқот бо раҳбарони «Толибон»* вориди Кобул шуд. Ҳадафи сафари Файз Ҳамид ҳалли ихтилофот байни раҳбарони Толибон гуфта мешуд, аммо мақомоти «Толибон»* гуфтанд, ки намояндаи покистонӣ барои беҳбуди равобит ба Кобул омадааст.
Ёдовар мешавем, Афғонистон тайи беш аз ду моҳ аст зери идораи «Толибон»* қарор дорад, аммо то ҳанӯз ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.