расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Интиқоли ҷангандаҳои СУ - 25 аз Қирғизистон ба Тоҷикистон

Сиёсат / Ҷомеа

Интиқоли ҷангандаҳои СУ - 25 аз Қирғизистон ба Тоҷикистон

Ҷангандаҳои СУ - 25 -и Русия, воқеъ дар пойгоҳи Канти Қирғизистон, барои ширкат дар размоиши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон мунтақил шуд.
Ҳавопаймоҳои низомии русии Су - 25 барои размоиши муштараки “вокуниши зудамал” –и Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз пойгоҳи Канти Қирғизистон ба Тоҷикистон мунтақил шуд.
Пеш аз ин дар 12 октябр 4 ҳавопаймои таҳоҷумии СУ - 25 аз пойгоҳи Кант баланд шуда ва дар фурудгоҳи низомии Айнӣ дар Ҳисор, дар наздикии Душанбе фурӯд омаданд.
Ба гуфтаи мақомоти минтақаи низомии марказии Русия, дар марҳалаи фаъол размоиши муштараки “вокуниши зудамал” -и СПАД ба унвон «Таомул - 2021»,  хадамаи ҳавопаймоҳои таҳоҷумии ҷустуҷӯ ва инҳидоми аҳдофи фарзии душманро анҷом медиҳанд ва ҳамчунин аз неруҳои ҳавоӣ аслиҳаву танкҳои моторӣ дар маъмуриятҳои омӯзишии размӣ дар минтақаи биёбонии кӯҳистонӣ пуштибонии ҳавоӣ мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.