расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Пойгоҳи махфӣ, ҷанг бо терроризм ва дӯстӣ бо "Толибон". Чин бо Тоҷикистон ва минтақа чӣ карданист?

Сиёсат / Ҷомеа / Ҷаҳон

Пойгоҳи махфӣ, ҷанг бо терроризм ва дӯстӣ бо "Толибон". Чин бо Тоҷикистон ва минтақа чӣ карданист?

Тибқи мушоҳидаҳо, дар назди як посгоҳи кӯҳнаи Шӯравӣ, тақрибан 5 сол боз сарбозони чинӣ ин макони стратегиро тавассути бинову манораҳои баланд назорат мекунанд. Дидбонгоҳи назоратии амниятӣ ҳамчун як ҳузури қавии Чин дар минтақа ба хотири пеширӣ аз таҳдидҳо аз Афғонистон дониста мешавад.
Ҳарчанд ҳам ҳукумати Чин ва ҳам Тоҷикистон ҳузури пойгоҳ ва кормандони чиниро расман рад мекунанд, як манбаъи Радиои Озодӣ ҳангоми боздид аз минтақаҳои наздик ба пойгоҳ ва атрофи он изи пойи низомии Пекинро дар Осиёи Марказӣ мушоҳида кард. Он дар шабу рӯзи тасарруфи Афғонистон аз сӯйи "Толибон" рӯшантар шудааст.
Аз суҳбат бо мақомдорони ҳукумати собиқи Афғонистон ва мансабдорони тоҷик, сокинони атрофи пойгоҳи низомии махфии Чин, таҳлилгарони умури минтақа ва мушоҳидаҳои хабарнигорон, мешавад чунин бардошт кард, ки Чин нақши худро дар масоили амнияти минтақа ба оҳистагӣ тағйир медиҳад. Вале ин нақш барои Пекин ба осонӣ ба даст намеояд ва торафт мураккабтар мешавад.
Нерӯҳои Тоҷикистону Чин дар сарҳад посбонии муштарак анҷом медиҳанд, 17-уми сентябри соли 2017
Нерӯҳои Тоҷикистону Чин дар сарҳад посбонии муштарак анҷом медиҳанд, 17-уми сентябри соли 2017
Чин равобити пуртаниши ҳукумати Тоҷикистон ва «Толибон»-ро бодиққат пайгирӣ дорад ва барои ҳамкорӣ бо низоми нав дар Афғонистон роҳ меҷӯяд. Ҳадаф ҳимоя аз манфиатҳои худ дар минтақа, махсусан, дар масъалаи ифротгароёни уйғур дар Афғонистон аст, ки Пекин онҳоро дар ҳамлаҳо ба ғарби вилояти Шинҷон гунаҳкор медонад.
Хаюн Ма, муҳаққиқи Донишгоҳи Давлатии Фротсбург, ки мавзӯи равобити Пекин бо кишварҳои Осиёи Марказиро меомӯзад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Вазъ дар Афғонистон барои Чин нороҳаткунанда аст. Низоми «Толибон» бо террористон, аз ҷумла гурӯҳҳои ҷангҷӯи уйғур иртибот дорад, вале Пекин роҳу имкониятҳоеро меомӯзад, ки то куҷо метавонад, бо онҳо ҳамкорӣ кунад.”
Тафсилот дар бораи пойгоҳи махфии низомии Чин дар Тоҷикистон, аз ҷумла маълумот дар бораи моликону маблағгузории он маълум нест. Дақиқан мисли он ки миссия ё рисолати аслии ин пойгоҳи мустақар дар марзи Тоҷикистону Афғнистон ҳам норӯшаниҳо дорад.
Аммо сокинони маҳаллӣ нақл мекунанд, ки пайваста парвози дронҳои низомиро дар фазои ин минтақа мушоҳида мекунанд. Ҳамчунин онҳо аз насби таҷҳизоти назоратӣ дар он ҷо хабар медиҳанд. Хабарнигори Озодӣ натавонист мушаххас кунад, ки парвози дронҳоро кадом кишвар назорат мекунад, аммо истифодаи он аз он дарак медиҳад, ки ин минтақа таҳти назорати шадид аст.
Тасвири моҳвораии маҳалли низомӣ дар наздикии Шаймак пеш аз омадани Чин.
Тасвири моҳвораии маҳалли низомӣ дар наздикии Шаймак пеш аз омадани Чин.
Ду сокини маҳаллӣ, ки чанд бор аз мавзеи ҷойгиршавии пойгоҳ ва худи он дидан кардаанд, ба шарти махфӣ нигоҳ доштани номашон гуфтанд, дар ин иншоот чиниҳо, афғонҳо ва тоҷикон кор мекарданд. Тибқи созишнома, ҷамъоварии маълумот ва пешниҳоди он ба ҳар се ҷониб иҷозат аст.
Аммо бозгашти «Толибон» ба сари қудрат дар Кобул ин ҳамкориҳоро халалдор кардааст. Ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати Тоҷикистон, ҳайати коргарони афғони пойгоҳ аз замони тасарруфи Кобул аз сӯйи «Толибон» дар рӯзи 15-уми августи имсол иваз нашудааст. Низомиёни афғон қаблан ҳар ду моҳ якдигарро иваз мекарданд, вале ҳоло дар иншоот танҳо сарбозони тоҷику чинӣ кор мекунанд.
Ин барои Пекин боз як дардисари дигар аст. Зеро Чин мехоҳад, ҳузури худро дар Тоҷикистон тақвият диҳад ва ба вазъи тағирёбандаи Афғонистон худро мутобиқ созад. Махсусан ба ин ки то куҷо «Толибон» омодаанд, дар мубориза бо терроризм бо Пекин ҳамкорӣ кунад.
Пекин даҳсолаҳо бо «Толибон» муносибати прагматикӣ ва гоҳе ногувори корӣ дошт. Рӯзи 4-уми октябр Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар сохторҳои низомии Тоҷикистону Афғонистон хабар дод, ки "Толибон" ҷангҷӯёни уйғурро аз минтақаи наздик ба марзи Чин ба дигар тараф интиқол додаанд.
Гуфта мешавад, ин ҷангҷӯён узви Ҳизби Исломии Туркистон, як гурӯҳи экстремистӣ аст, ки Пекин онро дар бетартибиҳои Шинҷон гунаҳкор медонад ва аз он Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ ном мебарад.
Мулло Абдулғанӣ Бародар, яке аз бунёдгузорони "Толибон" (аз чап) ва Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин ҳангоми мулоқот. 28-уми июли 2021
Мулло Абдулғанӣ Бародар, яке аз бунёдгузорони "Толибон" (аз чап) ва Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин ҳангоми мулоқот. 28-уми июли 2021
«Толибон» ба ҷангҷӯёни уйғур дар замони ҳукмронии қаблии худ, дар солҳои 1990 иҷозаи фаъолият дода буд ва тавре ба назар мерасад, ҳанӯз ҳам онҳо бо ҳам робита доранд. Чин борҳо аз Толибон талаб кардааст, ки ҳамагуна муносибат бо ин ҷангҷӯёнро қатъ кунад. Ҳоло маълум нест, ки «Толибон» ин ҷангҷӯёнро ба Чин месупорад ё не.
Манбаи Озодӣ дар як ниҳоди низомии Тоҷикистон гуфт: «Масъала ин аст, ки оё тавре Чин интизор аст, «Толибон» метавонад, шарики боэътимод бошанд? Бо таваҷҷӯҳ ба идеологияи «Толибон» мешавад, хулоса кард, ки фаъолияти «Толибон» дар ҳамкорӣ бо Пекин маҳдудият хоҳад дошт”, – гуфт Хаюн Ма, коршиноси масоили Чин ва минтақа.

ПОСГОҲЕ ДАР МАРЗҲОИ ҒАРБИИ ЧИН

Агарчӣ истиқрори нерӯи Чин дар Тоҷикистон як қадами рамзӣ ва стратегии Пекин барои бозии калон дар масоили амниятии минтақа аст, аммо ин нерӯҳо "хоксорона" дар маҳалли дурдасте, дар 132-километрии ноҳияи Мурғоб, ҷойгиранд.
Пойгоҳи ғайрирасмӣ як қисми густариши нуфузи иқтисодӣ ва сиёсии Чин дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ низ ҳаст, ки солҳои охир зери номи Ташаббуси чанд миллиарддолларии “Як камарбанд – Як роҳ” амал мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон аз муштоқони ин тарҳ аст.
Чин барои рушди робитаҳои низомии худ бо минтақа, бо кишварҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон тамринҳои муштарак баргузор карда, соли 2001 Созмони Ҳамкории Шонгҳойро зери раҳбарии Пекин ташкил дод. Ба ин созмон Қазоқистону Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомиланд.
Бино ба гузориши “South China Morning Post”-и Ҳонконг аз соли 2018, Чин дар Долони Вахон як гуруҳ аз афғонҳоро маблағгузорӣ ва таълим додааст. Пекин ин гузоришро инкор кард ва гуфт, урдугоҳе насохтааст ва "дар хоки Афғонистон низ ягон низомии Чин нахоҳанд буд." "Чин мубориза бо терроризмро роҳи муассири ҳалли нигарониҳо ва густариши нуфузаш дар Осиёи Марказӣ медонад", -- гуфт Ма.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.