расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Лавров дар мисоли Тоҷиикстон хостори густариши макотиби русӣ дар ИДМ шуд

. / Сиёсат

Лавров дар мисоли Тоҷиикстон хостори густариши макотиби русӣ дар ИДМ шуд

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия аз ташкили макотиби русӣ дар Тоҷикистон ёдовар ва хостори густариши чунин лоиҳаҳо дар тамоми кишварҳои ИДМ шуд.

      Маскав ҳавасманд аст, ки макотиби русӣ дар ҳамаи кишварҳои ҳампаймони Русия ташкил шаванд, изҳор дошт Сергей Лавров.
«Панҷ мактаби русӣ бо барномаи комили таълимии мо дар Тоҷикистон сохта шуда истодаанд. Феълан чунин барнома барои Ӯзбекистон дар ҳоли таҳия аст», — афзуд ӯ дар зимни суҳбат дар VII Анҷумани ҷаҳонии ҳамватанони Русия.

Ба гуфтаи Лавров, вақтҳои охир роҳбарияти ҷадиди Арманистон низ майлашро барои роҳандозии чунин лоиҳа дар қаламрави кишвараш баён доштааст.

Вай таъкид кард, Маскав ҳавасманд аст, ки чунин барномаҳо дар қаламрави ҳамаи ҳампаймонон ва шарикони стратегияш татбиқ гарданд.
Вазир зикр намуд, ки низоми ташкили намояндагиҳои муассисаҳои олии Русия дар кишварҳои ИДМ рӯ ба рушду густариш мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Русия бо ҳадафи боло бурдани ҷойгоҳи забони русӣ дар хориҷи кишвар чанд лоиҳаро татбиқ мекунад, ки онҳо сохтмони макотиб, ирсоли муаллимон, маводи таълимӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва такмили ихтисоси муаллимони забони русро фаро мегиранд.

Русия ният дорад, дар панҷ шаҳри Тоҷикистон — Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода мактаби русӣ созад, ки муҳассилин дар он аз тариқи озмун аз навоҳии гуногуни кишвар қабул шуда, таълимро аз рӯи барномаи қабулшуда дар Русия роҳандозӣ намояд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.