расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Дипломати Русия гуфт, пойгоҳи ИМА кишварҳои ОМ-ро ҳадафи зарбаи "Толибон"* қарор медиҳад

. / Сиёсат

Дипломати Русия гуфт, пойгоҳи ИМА кишварҳои ОМ-ро ҳадафи зарбаи "Толибон"* қарор медиҳад

Вазорати умури хориҷии Русия мустақар кардани пойгоҳи ҳарбии ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказиро хатарнок хонд

   Ҷой додани пойгоҳҳои низомии ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин давлатҳоро ҳадафи зарбаҳои ҷавобии «Толибон»* қарор хоҳад дод, изҳор дошт Александр Стерник, мудири Департаменти сеюми ВКХ Русия дар умури кишварҳои ИДМ.

Ба гуфтаи ӯ, «Толибон» захоири кофӣ барои истифода алайҳи кишварҳои Осиёи Марказиро доранд.

Стерник зимни ҳамоиши 13-уми Анҷумани пажуҳишгарони байналмилалии Русия изҳор дошт, ВКХ фишореро, ки ИМА ба ҳампаймонони Русия оварда истодааст, хатарнок медонад. Ӯ аз ҷумла азми ИМА барои ҷой додани пойгоҳи низомии зиддитеррористӣ дар қаламрави ОМ-ро зикр намуд.

«Ин қатъиян қобили қабул нест, ҳам барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳам Русия ва ҳам Чину Эрон, чун мо медонем, ки чӣ вазифаҳоеро пойгоҳҳои мустақар дар Осиёи Марказӣ ҳал хоҳанд кард», — таъкид намуд мудири департаменти ВУХ Русия.

Ӯ муътақид аст, ки ИМА бо чунин иқдомаш кишварҳои минтақаро зери зарбаи ҷавобии «Толибон»* ва ё созмонҳои дигари тундгаро қарор медиҳад.

«Барои истифода алайҳи ин минтақа „Толибон“ захоири кофиро доранд ва аллакай дар маҷмуъ ба Тоҷикистон бо он таҳдид карда истодаанд», — илова намуд Стерник.Ин дар ҳолест, ки вазъ дар Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ печида шуда, созмони «Толибон»* қудратро ғасб намуда, аз ташкили аморати исломӣ хабар дод. Ин гурӯҳ, ки аз тарафаи ҷомеаи ҷаҳонӣ террористӣ эътироф шудааст, тафсири хосе аз қавонини шариатро дорад, ки хилофи мардумсолорӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон мебошад. Аз ҷумла ҳуқуқи занон барои кору таҳсилро маҳдуд мекунад. 

Cарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.