расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » "Толибон"* 13 ҳазораро куштаанд

Сиёсат / Ҷаҳон

"Толибон"* 13 ҳазораро куштаанд

Ҷангиёни созмони террористии «Толибон»* дар Афғонистон 13 намояндаи миллати ҳазораро ба қатл расондаанд

 Куштори ҳазораҳо дар вилояти Дайкундӣ рух додааст, хабар дод Sputnik Тоҷикистон бо такя ба гузориши «Amnesty International».
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса ҳанӯз 30 август рух додааст, аммо гузориш дар бораи он ахиран дастраси омма гардид.

Манбаъ афзуд, ки куштори ҳазораҳо дар қишлоқи Кахури ноҳияи Хадир рух додааст. Дар миёни кушташудаҳо 11 корманди собиқи артиши Афғонистон ва ду нафари мулкӣ будаанд. Таъкид шудааст, ки яке аз сокинони мулкии кушташуда духтари ноболиғ будааст, ки ҳамагӣ 17 сол доштааст.

Маврид ба зикр аст, ки «Толибон»* дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон марзу минтақаҳои ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуд. Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури қаблии Афғонистон тарки кишвар кард.

Аъзои ин созмони террористӣ 7 сентябр ҳайати ҳукумати интиқолияшро эълон намуданд, ки аксарияти онҳоро толибони паштун ташкил медиҳанд, ки мавриди таҳримҳои СММ мебошанд. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд изҳор доштанд, ки муборизаро барои ташкили як давлати исломии муътадил бо риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ва мардумсолориро идома хоҳанд дод.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Arthurhoame | Гости

    1win на андроид 1вин скачать 1вин ваучер 1 win 1win betting 1 win зеркало 1win бонус 1win букмекерская контора 1win ставки 1win регистрация 1win официальный сайт 1win отзывы 1вин 1win bet 1win промокоды 1win скачать ios 1win com 1win букмекерская контора 1win сайт 1win ставки 1вин ваучер 1win вход 1win отзывы 1win промокоды 1вин ваучер 1вин бет 1 win скачать 1 win зеркало 1win отзывы 1вин скачать 1win сайт 1win com 1win официальный сайт 1win на андроид 1win bet 1win вход 1 win зеркало 1win отзывы 1win 1 win зеркало 1вин бет 1win на андроид 1win ставки 1win com 1win официальный сайт 1вин бет 1win регистрация 1win 1win ставки 1win bet

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.