расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Матбуот: ИМА хостори истифодаи пойгоҳи низомии Русия дар Осиёи Миёна шуд

Сиёсат / Ҷаҳон

Матбуот: ИМА хостори истифодаи пойгоҳи низомии Русия дар Осиёи Миёна шуд

Амрико ният доштааст аз пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар Осиёи Миёна истифода барад. Ба ин хотир генерал Марк Миллӣ, раҳбари фармондеҳии Вазорати дифои Амрико бо ҳамтои русаш Валерий Герасимов мулоқот карда ин мавзӯро матраҳ кардааст.

Дар ин бора нашрияи Wall Street Journal дар такя ба манобеи худ хабар додааст. Герасимов дар ин бобат ба ҳамтои амрикоӣ худ ҳеҷ ваъдаи аниқе надодааст. Мулоқоти ин ду низомӣ дар Финладия ҳафтаи гузашта доир шуда буд, аммо ҷузъиёти ин дидор ҳоло расонаӣ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Пайгоҳи низоми 201-уми ин кишвар дар шаҳри Душанбе мустақар буда, ҳудуди 7 ҳазор афсару сарбоз дорад.

Сарчашма:​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.