расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Мирзиёев: миёни мо мина набояд бошад, мо ҳамсояем

. / Сиёсат

Мирзиёев: миёни мо мина набояд бошад, мо ҳамсояем

Тоҷикистону Ӯзбекистон тайи якуним сол навоҳии наздимарзиро аз мина пок карданд

 Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон мегӯяд, навоҳии наздисарҳадӣ бо Тоҷикистон аз мина пок шуданд.
Ӯ дар доираи мулоқоти пешазинтихоботияш изҳор дошт, ки ин мушкил давоми якуним сол ҳал шуд.

Минтақаҳои наздимарзии Ӯзбекистон бо Тоҷикистон солҳои 2001 — 2002 минакорӣ шуда буданд.

Мақомоти Ӯзбекистон далели ин иқдомро ҳифзи марзҳояшон аз ҷангиёни гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гуфта буданд. Моҳи марти соли 2018 Тоҷикистону Ӯзбекистон гуруҳи корӣ барои чидани минаҳо аз марз ташкил карданд.

«Тайи якуним сол бо Тоҷикистон музокироти мушкиле анҷом додем. Қаблан мо дар марз минаҳо доштем. Сипас се соат нишастему гуфтушунид доштем. Ҳудуди 99,99%-и мушкилоти 20-соларо ҳал кардем», — изҳор дошт роҳбари Ӯзбекистон.

Ӯ тавзеҳ додааст, ки чунин иқдом барои рафтуомади мардуми ду кишвар миёни ҳам муҳим буданд.
«Минаҳо набояд бошанд. Мо ҳамсояем», — илова намуд роҳбари давлат.

Марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 1,33 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар пайи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан аз панҷ як ҳиссаи ин марз аломатгузорӣ нашуда буд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, тобистони соли равон гуфт, бо Ӯзбекистон 1 ҳазору 326 километр марзи муштарак мавҷуд аст, ки аз ин 1319 километр пурра муайян гардидааст.

Хоҷазода изҳор дошт, ки муайянсозии марз бо Ӯзбекистон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, қисмати хурде, ки то ҳол мушаххас нест, дар нуқтаҳои пайвастшавии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон мебошад.


Сарчашма. ​Sputnik Tajikistan​​​


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.