расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Эрдуғон гуфт, ки чаро муносибати Амрико бо Туркия бад шуд

Сиёсат / Ҷаҳон

Эрдуғон гуфт, ки чаро муносибати Амрико бо Туркия бад шуд

Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико гуфт, самти кунунии муносибатҳои амрикоиву туркӣ «хушиеро ба бор намеорад».

Эрдуғон афзуд, муносибатҳои Анкара бо ҳукумати президенти нави Амрико Ҷо Байден «аз қадамҳои дуруст шуруъ нашуданд». Вай гуфт, агар Иёлоти Муттаҳида ҳамчун узви НАТО ба Туркия дар амри тақвияти ниёзҳои мудофиааш ёрӣ нарасонад, Туркия метавонад, ба кишварҳои дигар муроҷиат кунад.

Нашрияи Haberturk бо нақли қавл кардани суханони Эрдуғон навишт, мушкилӣ дар муносибатҳои ду кишвар, мумкин аст, дар пайи норизоии Вашингтон аз хариди низоми зиддимушакии С-400-и русӣ аз сӯи Туркия сар зада бошад.

«Ман наметавонам, бигӯям, ки дар равобити Туркияву Амрико раванди солим идома дорад», — гуфт Эрдуғон дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар Ню-Йорк.

Ҳукумати Доналд Трамп, президенти пешини Амрико, баъди аз сӯи Туркия харида шудани низоми зиддимушакии русӣ нисбат ба Анкара таҳрим ҷорӣ кард.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, низоми зиддимушакии С-400 ба ҳавопаймоҳои F-35 хатар эҷод мекунад. F-35 аз сӯи НАТО ва Амрико истифода мешавад. Ин ҳавопаймоҳо дар Туркия низ истеҳсол мешаванд.

Сарчашма. ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.