расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » “Касе намепурсад”: пилотҳои Афғонистон дар Тоҷикистон дармондаанд

. / Сиёсат

“Касе намепурсад”: пилотҳои Афғонистон дар Тоҷикистон дармондаанд

Халабонҳое, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор кардаанд, ҳанӯз ҳам дар бесарнавиштӣ ба сар мебаранд. Манобеъ мегӯянд, онҳо мушкили асноду дигар расмиёт доранд

Аксари ин халабонҳо 15 августи соли равон дар пайи суқути шаҳри Кобул ба дасти «Толибон»* бо 16 ҳавопаймои ҷангиву мулкӣ ба Тоҷикистон фирор карда буданд.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон  пилотҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд, бидуни виза ва дигар аснод мебошанд, аз ин хотир ҳузурашон дар кишвар тӯлонӣ шудааст.

«Онҳо аз хавфи ҷони худ тарки Ватан карданд ва мақомоти Тоҷикистон ба хотири риояи принсипҳои инсондӯстӣ ва ҳусни ҳамсоядорӣ ба онҳо иҷоза доданд, ки вориди хоки кишвар шаванд. Ҳеҷ кишваре ҳам омода нашудааст, ки онҳоро бипазирад. Агар онҳо мехоҳанд Тоҷикистонро тарк кунанд, роҳе ба ҷуз бозгашт ба Афғонистон надоранд»,-гуфт ин манбаъ.


Қаблан «Reuters», як хабаргузории бритониёӣ бо истинод ба сабтҳое аз ин халабонҳо ва хешовандони онҳо хабар дод, ки будубошашон дар ин кишвар «тӯл кашидааст».

Онҳо аз Амрико хостаанд, ки онҳоро ба Иёлоти Муттаҳида интиқол диҳад, аммо беш аз як моҳ аст, ки аз он сӯ посухе нарасидааст.

Ин хабаргузорӣ аз ҳузур ва нигаҳдории ҳудуди 150 шаҳрванди Афғонистон дар осоишгоҳе берун аз Душанбе хабар дода гуфтааст, пас аз он ки низомиён аз кишвар фирор карда, ба Душанбе меоянд, телефонҳои мобилии онҳо гирифтаву тамос бо хонаводаҳояшон маҳдуд карда мешавад.

Сарчашма. ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.