расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Вокуниши Русия ба намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал

Сиёсат / Ҷаҳон

Вокуниши Русия ба намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал

Вазорати умури хориҷии Русия дар бораи намояндагии «Толибон»* дар Созмони Милал изҳори назар кард

Муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Вершинин гуфтааст, ки масъалаи намояндагии «Толибон»* дар Созмони Милал бояд тибқи муқаррароти СММ ҳал шавад.

«Ин як саволи хеле душвор аст. СММ қоидаҳои хоси худро дорад, ки муайян мекунанд, чӣ касе аз кишвар расман намояндагӣ мекунад. Ин масъала ҳанӯз ҳал нашудааст», — афзуд ӯ.


Ба гуфтаи ӯ, масъалаи асосӣ ҳамоҳангсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи вазъи Афғонистон, бахусус кумакҳои башардӯстона аст.
Қаблан сухангӯи Департаменти давлатӣ ИМА гуфта буд, ки барои ҳалли масъалаи намояндагии «Толибон»* дар Созмони Милал вақт лозим аст.

Қобили зикр аст, ки Соҳил Шоҳин, узви сиёсии «Толибон»*, намояндаи Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъин шудааст.
Қаблан Ҳейко Маас, вазири умури хориҷии Олмон дар вокунише ба дархости «Толибон»* барои ҳузур дар Маҷмаи умумии СММ гуфт, намоиши ин гурӯҳ дар СММ ҳеҷ дардеро даво намекунад.

Вай қайд кард, ки барои «Толибон»* дар ҳоли ҳозир муҳим аст, ки эҳтироми ҳуқуқи инсон, бахусус занонро риоя, робита бо гурӯҳҳои террористиро қатъ ва инчунин дигар намояндагони ақвомро ба ҳукумат ворид кунад.

Ба гуфтаи Маас, чигунагии муносибатҳо аз ин иқдомот вобастаанд.

Сарчашма. ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.