расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Путин гуфт, кӣ бояд Афғонистонро барқарор кунад

Сиёсат / Ҷаҳон

Путин гуфт, кӣ бояд Афғонистонро барқарор кунад

Амрико ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ барои вазъи кунунии Афғонистон мустақиман масъуланд

Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои НАТО бояд қисми асосии харҷи барқарорсозии Афғонистонро бар дӯш гиранд. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин зимни нишасти муштараки СҲШ ва СПАД гуфт.

Ба гуфтаи раҳбари Русия, барои вазъияти кунунии ҷумҳурӣ маҳз Амрико ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ масъуланд.

«Қисми зиёди хароҷоти марбут ба барқарорсозии Афғонистон бояд ба дӯши Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои НАТО бошад, ки — ин як чизи возеҳ аст — барои оқибатҳои даҳшатноки ҳузури дарозмуддати онҳо дар ин кишвар бевосита масъул аст», — гуфт Путин гуфт.

Раисҷумҳури Русия ба зарурати бо Вашингтон муҳокима кардани ҳаллу фасли маблағҳои дар бонкҳои хориҷбудаи ҷумҳурӣ ишора кард. Путин гуфт, набудани пул метавонад мақомоти Афғонистонро ба фурӯши маводи мухаддир ва аслиҳа водор созад.

Путин ишора кард, ки афғонҳо ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд ва ҳоло ҳар як сокини сеюми кишвар аз дастрасӣ ба ғизо маҳрум аст.

Раҳбари Русия вазъи ҷумҳуриро «ниҳоят душвор» тавсиф кард. Ӯ таъкид кард, ки Федератсияи Русия манфиатдор аст, ки Афғонистон як давлати мустақил, бетараф, ягона ва демократӣ шавад.

Ёдовар мешавем, ки вазъ дар ҷумҳурӣ бо оғози хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ бадтар шуд. Дар Афгонистон чанговарони харакати радикалии Толибон фаъолтар шуда, дар давоми се моҳ мамлакатро ишғол карданд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.