расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Занони афғон дар Душанбе алайҳи Покистон ва "Толибон" эътироз карданд. АКС

. / Сиёсат

Занони афғон дар Душанбе алайҳи Покистон ва "Толибон" эътироз карданд. АКС

Даҳҳо зану духтари афғонистонӣ дар бинои сафорати он кишвар дар Душанбе ҷамъ омада, алайҳи "Толибон" ва Покистон шиор доданд. Онҳо 14-уми сентябр бо сар додани шиорҳое чун "Покистон, Покистон, берун шав аз Афғонистон", "Куштани афғонҳоро бас кунед", "Аз Аҳмади Масъуд ҳимоят мекунем" ва "Зинда бод муқовимат" ҷамъомади эътирозӣ баргузор карданд.

Иштирокдорони эътироз дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ояндаи кишварашон нигаронанд ва дахолати Покистон дар умури Афғонистонро маҳкум мекунанд. Покистон ҳамеша пуштибонӣ аз "Толибон" ва дахолаташро дар умури Афғонистон рад кардааст.

Иштирокдорони ҳамоиши эътирозӣ бовар доранд, дахолати Покистон боис ба пешравии "Толибон" ва ба дасти онҳо афтодани минтақаҳои Афғонистон шудааст.

Онҳо ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки садои онҳоро шунаванд ва ҳукумати «Толибон»-ро ба расмият нашиносад ва аз Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳимоят кунад. Ба гуфтаи онҳо, "шинохтани Аморати исломӣ дар Афғонстон ба расмият шинохтани терроризми байналмилалӣ аст ва ҳар касе, ки онҳоро ба расмият мешиносад, худ ҳомии терроризм аст".

Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, аз «Аморати исломӣ» ба ҳайси ҳукумате ном бурд, ки наметавонад мошини ҳукуматдориро ба чархиш дарорад. Ӯ аз ҷумла гуфт, «Толибон» ба ҳаққи занон барои кору таҳсил эҳтиром қоил нестанд.

Сарчашмч: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.