расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Путин гуфт, ба Тоҷикистон омада наметавонад

. / Сиёсат

Путин гуфт, ба Тоҷикистон омада наметавонад

Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ки рӯзи 17-уми сентябр бояд дар ҷаласаи сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷаъмӣ (ОДКБ) дар Душанбе иштирок мекард, гуфтааст, ба Тоҷикистон омада наметавонад.

Ӯ рӯзи 14-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори худро ба ошкор шудани сирояти коронавирус дар атрофиёнаш пайванд дод. Путин гуфт, ночор аст, гӯшанишинӣ кунад. Ба навиштаи сомонаи Кремлин, вай нишастҳо ба таври онлайн иштирок хоҳад кард.

Ба қавли намояндагони расмии Русия, Владимир Путин мебоист рӯзи 15-уми сентябр ба Душанбе омада, бо раисҷумҳури Тоҷикистон вомехӯрд ва ду ҷониб 20 санади нав, аз ҷумла дар бораи нафақаи муҳоҷиронро имзо мекарданд.

Рӯзи 17-уми сентябр роҳбарони Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бори аввал якҷоя вохӯрда, мавзӯи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Баъди ба қудрат расидани «Толибон» дар Афғонистон мавқеи кишварҳои узви СҲШ дар ин мавзуъ гуногун аст.
Узбекистон ва Чин аз ташкили ҳукумати «Толибон» истиқбол карданд, аммо Тоҷикистон сахт зид аст ва мегӯяд, бояд ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ба назар гирифта шавад.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.