расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Қонуни нави Толибон* дар донишгоҳҳо ва ҳушдор ба духтарону писарон

. / Сиёсат

Қонуни нави Толибон* дар донишгоҳҳо ва ҳушдор ба духтарону писарон

Вазорати маорифи Толибон* гуфтааст, ки занону мардон дар саҳни донишгоҳҳо бояд аз ҳам ҷудо бигарданд

 Вазорати маорифи Толибон* нақшаи наверо барои синфҳои занона ва мардона таҳия карда, гуфтааст, ки синфҳои донишгоҳӣ бояд байни духтарон ва писарон бо оинаи махсус ҷудо карда шаванд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо истинод ба Муҷоҳид Андаробӣ.

Дар моддаи 7-и Низомномаи таҳсилоти олии Толибон* барои донишгоҳҳо омадааст, ки мардон ва занон бояд дар саҳни донишгоҳ аз ҳам дур бошанд.

Гуфта мешавад, ҳангоме ки духтар ва писар дар ҳоли суҳбат паҳлӯ ба паҳлӯ дида шаванд, мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, дар сурати исботи робитаи номашруҳ ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд.

Қаблан раҳбари ин вазорат Шайх Абдул Боқи Ҳаққонӣ гуфта буд, ки баҳс дар бораи низоми таълими омехта дар донишгоҳҳои кишвар ба охир расидааст ва ӯ дар бораи азсаргирии низоми маориф бо чанд тағйироти ҷиддӣ дар доираи шариати исломӣ сухан меронд.
Ӯ ба хабарнигорон гуфт: «Ҳар гуна амале, ки хилофи шариати ислом аст, нест карда мешавад».

Донишҷӯён дар саросари Афғонистон бори аввал пас аз ба сари қудрат омадани Толибон* ба донишгоҳ баргаштанд. Аммо ин дафъа донишҷӯёни духтару писар бо гузоштани парда ё тахта аз ҳам ҷудо дарс мехонанд.

Ҳамчунин, занон бояд панҷ дақиқа пештар дарсҳоро тарк кунанд, то ҳангоми тарк кардани донишгоҳ бо мардон мулоқот накунанд.
Толибон* дар давраи ҳукмронии қаблии худ, аз соли 1996 то 2001 ба мактаб рафтани духтарон ва ворид шудани занонро ба донишгоҳ ва ҷои кор манъ мекарданд.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.