расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Сардори Муқовимат ва "бачае аз Самарқанд": Солеҳи Регистонӣ кист?

Сиёсат / Ҷаҳон

Сардори Муқовимат ва "бачае аз Самарқанд": Солеҳи Регистонӣ кист?

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, маъруф ба Солеҳи Регистонӣ, фармондеҳи умумии нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст, ки ҷангҳои Панҷшерро мудирият мекунад. Ӯ то ин ҷо аз куҷо расид?

 11 июн ӯ дар Дафтари сиёсии Аҳмад Масъуд, воқеъ дар Кортаи Сеи шаҳри Кобул барои ҷангҳои оянда омодагӣ мегирифт.

Он замон ба фикри ҳеҷ кас намеомад, ки 33 вилоят ва дар пайи он Кобулро Толибон* ба ин зудӣ ишғол мекунанд ва дар ин дафтаре, ки вай бо фармондеҳони собиқи муҷоҳидин барномаҳо мерезад, душманони ӯ маскун хоҳанд шуд.

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, он замон муовини раиси Дафтари сиёсии Аҳмад Масъуд,гуфт, раванди сулҳ ноком мешавад ва тавтиаҳои бузурге дар роҳанд, ки дар пайи он Толибон* ба қудрат мерасанд ва Афғонистон ба майдони бозиҳои печидае дар сатҳи минтақаву ҷаҳон табдил меёбад.

«Як „ҷанги ҳама алайҳи ҳама“ сурат мегирад. Ҳукумат агар шикаст хӯрад, „Толибон“ ба саҳна меоянд ва қудратҳо „ДОИШ“*-у дигар гуруҳҳоро ба майдони ҷанг меандозанд. Мо — муқовимати дуввум — низ вориди ин корзор мешавем ва бар ҳама пирӯз хоҳем омад», — гуфт Регистонӣ.

Ӯ як муқовиматеро дар назар дошт, ки хезишҳои мардумӣ дар саросари Афғонистон барпо хоҳанд кард. Аммо бо гузашти беш аз якуним моҳ ҳоло аз нерӯҳои муқовимати мардумӣ фақат Панҷшер дар майдон мондааст ва гуруҳҳое аз паштуну тоҷику ӯзбек ва ҳазора аз саросари Афғонистон низ дар ин дараи таърихӣ ҷамъ омадаанд.

16 август Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон эъломи мавҷудият кард ва бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва раҳбари муқовимати аввал (1996-2001), вориди майдони набардҳо шуд.

14 июл, чоршанбеи ҳамон ҳафта, Регистонӣ ба Панҷшер омад ва дигар ба Кобул барнагашт.

Маркази матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ , ки ҳоло Регистонӣ фармондеҳи кулли Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст ва ҷангҳои Панҷшерро мудирият мекунад.

Ӯ кист?

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ 19 августи соли 1963 дар деҳаи Порандаи вулусволии Бозораки Панҷшер таваллуд шудааст.
Ин рӯз ҳамзамон рӯзи Истиқлолияти Афғонистон аз Бритониё дар соли 1919 аст.

«Шояд ба ҳамин хотир аст, ки истиқлол ва озодиро бисёр дӯст дорам ва сарнавишт бароям мубориза барои онҳоро амалан рақам задааст. Ҷолибтар он ки мактабро ҳам дар лисаи „Истиқлол“ — и Кобул, ки ба хотири истиқлоли кишвар ба ин ном ёд мешавад, ба поён расондам», — мегӯяд ӯ.

Дар Панҷшер рустое, дарае ё минтақае ба номи Регистон нест. Он чӣ касро мутаваҷҷеҳ мекунад, маҳз тахаллуси Регистонӣ аст.

«Регистонӣ аз он хотир номи хонаводагии ман аст, ки аҷдоди ман ба монанди ҳазорон тоҷике, ки дар пайи истилои бегонагон дар тӯли таърих дар даврони Темури Курагонӣ аз рустои Даҳбеди Самарқанд ба ҷануби Хуросон, ҷое ки имрӯз Панҷшер номида мешавад, кӯч кардаанд ва чун маркази шаҳри Самарқанд Регистон ном дорад, аз он ҷиҳат ман Регистонӣ тахаллус кардаам», — гуфт Регистонӣ.

Ӯ мактабро соли 1980 дар Кобул хатм намуда, ба Панҷшер рафт ва ба Аҳмадшоҳи Масъуд, ки алайҳи нерӯҳои Шӯравӣ ва режими коммунистии Афғонистон ҷиҳод мекард, пайваст. Баъдтар ӯ ба яке аз афроди хоси «Шери Панҷшер» табдил ёфт: дар 21 — солагӣ раиси шуъбаи амалиёти Шӯрои Наззор таъйин шуд. Шӯрои Наззор як иттиҳоди фармондеҳони ҷиҳодии Афғонистон буд, ки ба хотири танзим ва ҳамоҳангии амалиётҳо дар саросари Афғонистон соли 1984 аз сӯи Аҳмадшоҳи Масъуд таъсис ёфт.Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, асосгузори «Шабакаи Ҳаққонӣ», созмони террористие, ки ҳоло аз сӯи писараш Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири феълии корҳои дохилии Толибон*, раҳбарӣ мешавад, низ узви ин шӯро буд. Ин созмон ҳоло яке аз нерӯҳои зарбатии «Толибон» дар ҷангҳои Панҷшер аст. «Дар Шӯрои наззор дар канори раёсати бахши амалиёт ба ҳайси устоди низомӣ, сиёсӣ ва ақидатӣ низ ифои вазифа кардам. Таҷриба ва тахассусам дар бахши низомӣ „ҷангҳои партизанӣ“ аст, аммо дар бахшҳои дигар ҳам кор кардаам», — мегӯяд Регистонӣ. 

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.