расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Узбекистон додани визаҳои электрониро мувақаттан бас кард

Сиёсат / Ҷаҳон

Узбекистон додани визаҳои электрониро мувақаттан бас кард

Дар Узбекистон аз 6-уми сентябри имсол додани визаҳои электрониро ба хориҷиҳо бас кардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод, ки қатъи визаҳои электронӣ ба «корҳои ислоҳӣ дар низоми e-visa.gov.uz марбут аст».

Визаҳои электронӣ ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷие дода мешуд, ки Узбекистон бо онҳо тартиби содаи равуоро барқарор кардааст.

Ин гуна визаро шаҳрвандони хориҷие дастрас мекарданд, ки бо ҳадафҳои сайёҳӣ ва ба муҳлати то 30 рӯз вориди Узбекистон мешуданд.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.