расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Дар Лаҳистон шаш кас, аз ҷумла як тоҷикро дастгир карданд

Сиёсат / Ҷаҳон

Дар Лаҳистон шаш кас, аз ҷумла як тоҷикро дастгир карданд

Сарҳади Лаҳистон бо Беларус

Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон (Полша) 6 касро бо гумони кумак ба интиқоли ғайриқонунии паноҳҷуён дастгир карда, додситонӣ ба зидди онҳо парванда кушодааст.

Дар байни боздоштшудаҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Нашрияи RMF-24 аз қавли сухангӯйи Хадамоти марзбонии Лаҳистон навишт, «гумонбарон ғайриқонунӣ паноҳҷуёнро қабул карда, ба дохили кишвар мебурданд».

Шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар ин кишвар ҳаққи иқомат доштааст. Нисбат ба гумонбарон раванди ихроҷ аз қаламрави Лаҳистон ба зодгоҳашон оғоз гардидааст.

Онҳое, ки шаҳрвандӣ надоранд, ба муддати 5 сол аз ҳаққи вуруд ба минтақаи Шенген маҳрум карда хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, паноҳҷуёни тоҷик низ асосан тавассути Лаҳистон ба Иттиҳоди Аврупо ворид мегарданд.

Cарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.