расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Толибон вазири дифоъ ва хориҷаро таъйин карданд: онҳо кистанд?

Сиёсат / Ҷаҳон

Толибон вазири дифоъ ва хориҷаро таъйин карданд: онҳо кистанд?

 Роҳбари бахши сиёсии ҷунбиши тундгарои Толибон* Мулло Абдулғанӣ Бародар ба ҳайси вазири умури хориҷаи Афғонистон таъин шуд, хабар медиҳад оҷонсии “Хома Пресс” бо такя ба манобеи худ.
Ҳамчунин, тибқи иттилои оҷонсӣ, Мулло Ёқуб (писари нахустин раҳбари Толибон* Мулло Умар) мақоми вазири дифоъ ва Халифа Ҳаққонӣ вазири умури дохила таъйин шуданд.
Мақомоти Толибон* то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд ва ваъда додаанд, ки ҳайати ҳукумати Толибон ба зудӣ эълон хоҳад шуд.
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июни соли равон дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни ҷунбиши радикалии Толибон* вориди шаҳри Кобул шуданд ва қасри раёсати ҷумҳуриро зери назорати худ гирифтанд.
Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки онро вазири собиқи умури дохила Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ мекард.
Дар ҳамин ҳол, Ашраф Ғанӣ аз мақоми раисҷумҳури Афғонистон истеъфо дод ва ҷумҳуриро ҳамроҳ бо 40 нафар наздиконаштарк кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.