расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ТАНҲО ДАР НАЗДИ ДАРҒОТИ “ГОЛОВНОЙ” ҶАСАДИ БЕШ АЗ 25 СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ПАЙДО КАРДАНД

Сиёсат / Ҳаводис

ТАНҲО ДАР НАЗДИ ДАРҒОТИ “ГОЛОВНОЙ” ҶАСАДИ БЕШ АЗ 25 СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ПАЙДО КАРДАНД

Бо гузашти чанд рӯз аз муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки дастикам 50 кушта ва беш аз 200 захмӣ ба ҷо гузошт, маълумот дар бораи чӣ гуна куштаву захмӣ шудани ин даҳҳо нафар ҳамчунон хеле кам аст.
ВКД Қирғизистон рӯзи 2 май хабар дод, ки дар дасти кам як ҳолат куштори одамонро ҳамчун куштори дастаҷамъӣ (массовое убийство) арзёбӣ мекунад. Бино ба маълумоти муқаддамотии ин идора, дар мавзеи дарғоти “Головной” дар ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд, ки дар марз бо деҳаи Хоҷаи Аъло (собиқ Октябр)-и ҷамоати Чоркӯҳи Исфараи Тоҷикистон ҷойгир шудааст, дар пайи як тирандозӣ аз миномёт ҷасади беш аз 25 сокини Қирғизистонро пайдо кардаанд. Маркази матбуоти ВКД Қирғизистон гуфт, шумораи қурбониёни ин тирандозӣ боз дақиқ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон маҳз аз баҳс бар сари ҳамин дарғот (нуқтаи тақсими об) дар дарёи Исфара, ки дар Қирғизистон Оқсу номаш мебаранд, оғоз ёфта буд.
Ибтидо рӯзи 17 апрел ҷониби Қирғизистон ба сурати якҷониба даст ба таъмири ин дарғот зад, ки ба мухолифати мақомоти Тоҷикистон ва сокинони Хоҷаи Аъло рӯбарӯ шуд. Рӯзи 28 апрел ҷониби Тоҷикистон хост дар сутунҳои барқи атрофи дарғоти “Головной” видеокамераҳои назоратӣ насб кунад ва ба ин сокинони Кӯктош ва нирӯҳои Қирғизистон мамониат карданд. Баҳси лафзии байни тарафҳо ба сангпартоиву ҳатто тирандозӣ печид ва рӯзи 28 апрел 7 сокини Хоҷаи Аъло ва 4 сокини  Кӯктош ҷароҳат бардоштанд.
Субҳи 29 апрел бошад, вазъият дар атрофи дарғоти “Головной” дар пайи тир хӯрдани шаҳдори Исфара Баҳовадддин Баҳодурзода муташанниҷ шуд. Баҳодурзодаро замоне аз самти деҳаи Кӯктош тир заданд, ки ӯ барои музокирот бо раиси ноҳияи ҳамсояи Бодканд Оқилбек Оразов ба хатти марз омада буд ва дар интизори раиси Бодканд дар назди дарғот бо сокинони Хоҷаи Аъло суҳбат мекард.
Вақте ки Баҳодурзода аз китфаш тир хӯрд, чанд марзбони тоҷик барои ҳимоят аз вай худро сипар карданд. Вале тирандозӣ аз тарафи Кӯктош ҳамчунон давом кард ва чанд нафари дигар тир хӯрданд. Аз ҷумла прапоршики Акбар Ҳасанов,  с.т. 1990, маҳз ҳангоми худро барои ҳимояти шаҳрдори Исфара сипар карданаш кушта шуд.
Сӯиқасд ба ҷони Баҳодурзода нуқтае шуд, ки вазъиятро дар атрофи дарғоти “Головной” ва сипас дар манотиқи дигари марзи байни Исфараву Бодканд ва сипас дар марзи ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Лайлак муташанниҷ кард ва боиси чунин талафоти зиёди ҷонӣ шуд.
Маркази матбуоти ВКД Қирғизистон гуфт, дар робита ба муноқишаҳои ахир дар Феҳрасти ягонаи ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои он кишвар 11 парвандаи ҷиноятӣ алакай сабт шудааст, ки аз ин шумор 8 парвандаро хадамоти тафтишотии ШКД ноҳияи Бодканд ва 3 парвандаи дигарро мақомоти ШКД ноҳияи Лайлак таҳқиқ мекунанд.
“Ин маводи дар Феҳрасти ЕРПП сабтшуда бар асоси моддаҳои 264 (бетартибиҳои оммавӣ), 380 (ҷиноятҳо ба зидди сулҳ), 266 (авбошӣ), 210 (нобуд кардани молу мулки дигарон), 358 (убури ғайриқонунии марз) ва 130 (куштор) тартиб дода шудаанд. Дар миёни онҳо аз ҷумла парвандаи марги як духтари 12сола дар ноҳияи Лайлак, ки дар натиҷаи тирпарронӣ кушта шуд, ҳамчунин парвандаи куштори дастаҷамъӣ дар қитъаи “Головной” дар ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд, ки онҷо дар пайи тирандозӣ аз миномёт ҷасади беш аз 25 сокин (шумораи дақиқаш маълум карда мешавад) ёфт шуд, ҳамчунин парвандаҳои марбут ба тирборони мошинҳо дар роҳҳо, ки низ боиси ба марги шаҳрвандони мулкӣ шуд, ҳаст”, –  гуфта мешавад дар гузориш.
Вазорати тандурустии Қирғизистон то кунун кушта шудани 34 нафар ва ҷароҳат бардоштани 145 сокини дигари он кишварро дар ҷараёни муноқишаҳои ахир дар марз бо Тоҷикистон тасдиқ карда, вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон рӯзи 2 май  гуфт, дар ҷараёни муноқишаҳои ахир дар марзи вилояти Бодканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон 78 хона, 2 мактаб, як боғчаи кӯдакон, як идораи пулис, 3 посгоҳи марзбонӣ, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 8 мағозаву як бунгоҳи тиббиро оташ задаанд.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун ягон маълумоти расмӣ талафоти ҷониву молиаш дар ҷараёни муноқишаи марзиро нашр накардааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон низ то кунун дар бораи кушодани парвандаҳои ҷиноӣ дар робита ба куштори шаҳрвандони Тоҷикистон ва оташ задани хонаву дари онҳо дар пайи ин ҳаводис хабаре надодаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.