расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ҚИРҒИЗИСТОН ТОҶИКИСТОНРО БА “РАБУДАН”-И ДУ ШАҲРВАНДАШ АЙБДОР КАРД

. / Сиёсат

ҚИРҒИЗИСТОН ТОҶИКИСТОНРО БА “РАБУДАН”-И ДУ ШАҲРВАНДАШ АЙБДОР КАРД

Рӯзи 26 апрел сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Ализодаро ба вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват карда, ба дасташ нота, ё ёддошти эътирозии ВКХ Қирғизистон дар робита ба гум шудани ду сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкандро супурдаанд. Ду сокини ноҳияи Лайлак шаби 24 апрел дар наздикии марз бо Тоҷикистон гум шуданд. Шоми 24 апрел маълум шуд, ки онҳоро марзбонони тоҷик боздошт кардаанд. Бишкек дар нотааш Тоҷикистонро ба “рабудан”-и он ду шаҳрвандаш айбдор карда, аз Душанбе хостааст, ки қазияро таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ бикашонад.  
Ҷониби Тоҷикистон то кунун ин моҷарои рухдода дар марзи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғдро расман шарҳ надодааст. Вокуниши Душанбе ба нотаи эътирозии Бишкек ва айбдор кардани Тоҷикистон ба “рабудан”-и ду шаҳрванди Қирғизистон низ то ҳол нашр нашудааст.
Хадамоти матбуоти ВКХ Қирғизистон гуфт, Назирмад Ализодаро муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Нуран Ниёзалиев ба ҳузур пазируфтааст.
 «Ба сафири Тоҷикистон нотаи ВКХ Ҷумҳурии Қирғизистон супурда шуд. Дар нота нигаронии амиқи ҷониби Қирғизистон дар мавриди амалҳои зиддиҳуқуқӣ ва ғайриқонунии мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 24 апрели соли ҷорӣ ду шаҳрванди Қирғизистон – сокинони ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкандро рабуданд, баён шудааст. Н.Ниёзалиев  ба ғайри қобили қабул будани чунин амалҳо, ки метавонанд вазъро дар марз ба ҳам бизананд, таъкид кард. Ҷониби Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон даъват кард, то ҷиҳати муайян кардани ҷузъиёти он қазия чораҳои оҷил андешида, афроди гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ бикашонанд вва ҷониби Қирғизистонро аз натиҷаҳояш дар ҷараён гузоранд», – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии ВКХ Қирғизистон.
Нуран Ниёзалиев ҳамчунин таъкид кардааст, ки Бишкек барои талошҳои муштарак ҷиҳати таҳияи шароити амну субот ва ҳусни ҳамсоядорӣ дар манотиқи марзи байни ду кишвар омода аст.
Тавре қаблан гузориш шуда буд, ду ҷавон шаби 24 апрел дар марзи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ғайб заданд.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, Ашрапов Достон Ҳабибуллоевич, с.т. 2002 ва Канибек уулу Кубатбек, с.т.  2000  дар сохтмони як коргоҳи дӯзандагӣ  дар деҳаи Эски-Оочуи ҷамоати Бешкенти ноҳияи Лайлак дар наздикии марз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор мекарданд. Онҳо шоми 23 апрел то соати 22 кор карда, сипас бо мақсади посбонии маводи сохтмонӣ дар маҳалли сохтмон мондаанд ва шабро дар хайма гузарондаанд. Вале онҳо субҳи 24 апрел  барои нонушта ба хона барнагаштанд. Ҳамдеҳаҳо ба маҳалли посбонии онҳо омада, дидаанд, ки ҷавонҳо ғайб задаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як видео аз ҷои ҳодиса нашр шуд. Дар ин видео як зан, зоҳиран модари яке аз ҷавонҳои гумшуда бо садои гирён изи хун дар пойафзоли яке аз онҳоро нишон медод ва аз мақомоти Қирғизистону Тоҷикистон барои ёфтани ин ду ҷавон кумак металабид.
Шоми 24 апрел ин ду ҷавон дар Тоҷикистон ёфт шуданд. Маълум шуд, ки онҳоро марзбонҳои қитъаи марзбонии Ғончӣ бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳамон шоми 24 апрел ҳам ин ду ҷавон ва  ҳам 6 шаҳрванди дигари Қирғизистонро, ки низ дар Тоҷикистон дар боздошт қарор доштанд, озод кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.