ҶАЛБ ВА ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ ДАР ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ
21.04.2021 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ш-нд, Тошпӯлотова Сабрина Зафарҷоновна 2001 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. ҷ/д Кулқанд, кӯч. Навоӣ х.19, соли 2013 ба назди модараш ш-нд, Тошпӯлотова Сафронхон Ҷӯрабоевна 1981 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. ҳамон ҷо, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад, ба ш.Москваи Ф.Руссия рафта, бо даъвати ӯ ба ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ», ки бо қарори Суди Олии ҶТ аз санаи 14.04.2015 сол ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремисти эътироф карда шуда, амали он дар ҶТ манъ карда шудааст, шомил шуда, аз соли 2017 то ин ҷониб дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди ҶИ Афғонистон иштирок карда истодааст. Нисбати ш-нд, Тошпулотова С.З, аз ҷониби прокуратураи ш.Исфара парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи-1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад.