расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ПОИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН НИЗ БА МОҶАРОИ ҶОСУСИИ БАЙНИ ЧЕХИЯВУ РУСИЯ КАШИДА ШУД

Сиёсат / Ҷомеа

ПОИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН НИЗ БА МОҶАРОИ ҶОСУСИИ БАЙНИ ЧЕХИЯВУ РУСИЯ КАШИДА ШУД

Пои Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ба моҷарои ҷосусии байни Чехиву Русия кашида мешавад.
Рӯзи 19 апрел расонаҳои Чехия нусхаи шиносномаҳои тоҷикиву молдовании ду ҷосуси Русия  Анатолий Чепига  (Руслан Боширов) ва  Александр Мишкин (Александр Петров)-ро нашр карданд. Аз ин асноди чопшуда бармеояд, ки шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаровро афсари ГРУ Чепига (боширов) истифода бурдаааст ва шиносномаи Молдова ба номи Никола Попаро  – ҳамсангари ӯ Мишкин (Петров).
Рӯзи 19 апрел бахши ҷаҳонии ББС хабар дод, ки ин ду ҷосуси Русия барои пайдо кардани дастрасӣ ба анборҳои аслиҳа дар шарқи Чехия дар соли 2014 як нома аз номи Гвардияи миллии Тоҷикистонро низ истифода бурдаанд. Дар нома ба унвони IMEX Group – як ширкати силоҳфурӯшии Чехия, ки анборҳои аслиҳа дар канори шаҳри Злинро  иҷора гирифта буд, аз ин ширкат хоста мешуд, ки ба ду намояндаи Гвардияи миллии Тоҷикистон иҷозат бидиҳанд, ки аз анборҳои аслиҳаи ин ширкат дидан кунанд. Дар мактуби аз номи Гвардияи миллии Тоҷикистон  ирсолшуда нусхаи шиносномаҳо ба номи Руслан Табаров ва Никола Попа низ замима шуда, ин ду афсари ГРУ Русия ҳамчун намояндаи Гвардияи миллии Тоҷикистон муаррифӣ шуда  будаанд.
Вале фародода (метадата)-и он номаро фиристандаҳояш аз байн бурда будаанд ва бино ба гузориши нашрияи чехии “Respekt”, мақомоти амниятии Чехия ба ин сабаб аз куҷо ирсол шудани он номаро муайян карда натавонистаанд.
Мақомоти Гвардияи миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти расмии Душанбе ин хабарҳо дар бораи истифода шудани номи ин ниҳоди ҳарбии Тоҷикистон аз сӯи кормандони хадамоти махсуси Русия дар  қаламрави як кишвари узви НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз шарҳе надодаанд.
Моҷарои ҷосусӣ байни Чехияву Русия рӯзи 17 апрел замоне сар зад, ки сарвазири Чехия Андрей Бабиш ва муовини аввалаш Ян Ҳамачек бо баргузории як нишасти хабарии изтирорӣ хабар доданд, ки Чехия 18 корманди сафорати Русияро, ки бино ба маълумоти мақомоти Ҷумҳурии Чех, “афсарони хадамоти вижаи Русия –  СВР ва ГРУ будаанд”, ихроҷ мекунад.  Ба онҳо барои тарки қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо 48 соат фурсат доданд.
Ин иқдом дар пайи ошкор шудани ҷузъиёти нави марбут ба таркишҳои соли 2014 дар  анборҳои аслиҳа дар деҳаҳои Врбетитсе ва Влаҳовитсе дар канори шаҳри Злин, ки ду кушта ба ҷо гузошт, гирифта шудааст. Бабиш ва Ҳамачек гуфтанд, ки дар он таркиш “афсарони ГРУ даст доштаанд”.
Русия рӯзи 19 апрел эълон кард, ки ҳамчун иқдоми ҷавобӣ 20 корманди сафорати Чехия дар Маскавро ихроҷ мекунад. Дар Маскав иддаои мақомоти Прага дар бораи кори дасти хадамоти махсуси Русия будани таркиши анборҳои аслиҳаи Чехияро иддаое беасос номида, рад мекунанд.
Ҳамзамон пулиси Чехия рӯзи 17 апрел ду шаҳрванди Русия Александр Петров ва Руслан Бошировро дар робита ба тафтиши ҷиноятҳои сангин таҳти ҷустуҷӯ қарор дод.
Ярослав Ибеҳей, намояндаи расмии пулиси Чехия дар ин робита гуфт: “Пулиси Чехия, Маркази миллии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар робита ба тафтиши ҳолатҳои марбут ба ҷиноятҳои сангин, барои ҷустуҷӯи ду нафаре, ки аз 11.10.2014 то 16.10.2014 дар қаламрави Чехия – аввал дар Прага ва сипас дар вилоятҳои Моравияву Силезия ва Злин (дар шарқи Чехия) қарор доштанд, кумак мехоҳад. Ин афрод бо худ шиносномаҳои Русия доштанд, ки ба номи Александр Петров, санаи таваллудаш – 13.07.1979, ва Руслан Боширов, санаи таваллудаш 12.04.1978 дода шуда буд.
Аксҳои Петров ва Боширов рӯзи 17 апрел дар сомонаи расмии пулиси Чехия ҳам нашр шуд. Ярослав Ибеҳей гуфт, ки онҳо шиносномаҳои Молдова ва Тоҷикистонро низ истифода мебурданд: “Ин одамон ҳадди ақал ду шиносномаро истифода мебурданд. Ба ғайр аз шиносномаҳои русӣ, онҳо бо худ шиносномаи Молдова ба номи Николай Попа, санаи таваллудаш – 18.07.1979, ва шиносномаи Тоҷикистон ба номи Руслан Табаров, санаи таваллудаш 23.10.1975 доштанд.”
Петров ва Боширов нафаронеанд, ки мақомоти Бритониё онҳоро дар заҳролуд сохтани ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар соли 2018 дар шаҳраки Солсбери гунаҳкор мекунанд. Гуфта мешавад, ки онҳо ҷосусони ГРУ буда, номи аслиашон Анатолий Чепига ва Александр Мишкин мебошад.
Таркишҳо дар анборҳои аслиҳа дар рустоҳои Врбетитс ваи Влаҳовитсе  дар канори шаҳри Злин 16 октябр ва 3 декабри соли 2014 рух дода, сабаби марги ду корманди ин анборҳо шуд. Дар пайи таркишҳо садҳо нафарро аз маҳалли ҳодиса кӯчонданд. Тоза кардани маҳалли таркиш чанд сол тӯл кашид ва тоза тирамоҳи соли 2020 анҷом ёфт.
Анборҳои аслиҳа дар шарқи Чехияро замоне тарконданд, ки бино ба хабарҳо, ширкати силоҳфурӯшии IMEX Group тавассути Эмилиан Гебрев ном тоҷири булғор мебоист ба Гвардияи миллии Украина миқдори бузурги аслиҳа мефурӯхт. Эмилиан Гебрев, молики ширкати силоҳфурӯшии “Дунарит”-ро соли 2015 ду маротиба заҳролуд карданд.  Бовар меравад, ки он ду сӯиқасд ба ҷони Гебрев низ кори дасти ГРУ буда,  боз ҳам тавассути Анатолий Чепига ва Александр Мишкин анҷом шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.