расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » "Қаҳрамон"-и навори ҷанҷолӣ "қоил" шуд, ҳамсараш мегӯяд, "зери фишор". ВИДЕО

Сиёсат / Ҷомеа

"Қаҳрамон"-и навори ҷанҷолӣ "қоил" шуд, ҳамсараш мегӯяд, "зери фишор". ВИДЕО

Мақомот мегӯянд, боздошти Имомалӣ Идибегов ба "сарбозшикор" рабт надорад

Номи ӯро дар рӯйхати шахсони гумонбар ба терроризму ифротгароӣ дар сомонаи Хадамоти федеролии назорати молиявии Русия низ зикр кардаанд. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ дар Тоҷикистону Русия гуноҳе накардааст ва барои ҳимоят аз ҳаққаш вакили мудофеъ гирифтанд.

Навори "эътироф"

Ӯро рӯзи 6-уми апрел маъмурони Шуъбаи корҳои дохилии Шоҳмансур-2 дар Душанбе дастгир карданд. Феълан дар боздоштгоҳи Раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ аст.
Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ шаби 14-уми апрел тавассути телевизионҳои Тоҷикистон суҳбати Имомалӣ Идибегов ва ҳамсараш Дилбар Ғаниеваро пахш карданд. Зану шавҳар дар барнома "қоил шуданд", ки "Имомалӣ Идибегов дар Русия бо гурӯҳи террористӣ ҳамкорӣ дошт" ва амалиёти боздошти ӯ дар рӯзи 6-уми апрел на “сарбозшикор”, балки боздошти гумонбар ба ҷиноят буд.
Дилбар Ғаниева, ҳамсари Имомалӣ Идибегов, як рӯз пас аз пахши барномаи “Ахбори ВКД”, рӯзи 15-уми апрел, дар наворе ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо таҳти фишори маъмурони милиса маҷбур шудаанд, чунин ҳарф бизананд.

"Гуфтҳамсарамро раҳо кунедҳар тарзе хоҳедгап мезанам"

"Моро як ҳафта даъват карда, фишор оварданд, таҳқир карданд, дашноми қабеҳ доданд. Шавҳарам маҷбур шуд ва гуфт, ки ҳамсарамро раҳо кунед, ҳар тарзе хоҳед, гап мезанам. Шавҳари ман террорист нест. Чаро чаҳор сол боз дар Душанбе зиндагӣ дорем, касе суроғ надошт. Боз мегӯям, шавҳари ман хондаву навишта наметавонад, мо таҳти фишори милисаҳо маҷбур чунин ҳарф задем", -- афзуд ӯ.
Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур-2 рӯзи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба пайвандони гумонбар ҳеч гуна фишор ворид нашудааст.
Ҳамсари Имомалӣ Идибегов мегӯяд, бо ин ҳарфҳо розӣ нест, чун "рӯзи 12-уми апрел ба Шуъбаи корҳои дохилии Шоҳмансур-2 даъват намуда, аз нимаи рӯз то соати 11-и шаб нигоҳ доштанд. Хостанд, ки ҳамроҳи ронандаи таксӣ Сабоҳат Забирова ва дугонаам Шаҳлои Салоҳиддин дар видео гуноҳ доштани шавҳарамро тасдиқ кунем."
Посухи ин иддаоро аз як маъмури милиса, ки дар амалиёти боздошт иштирок кардааст, телефонӣ пурсидем. Вай гуфт: "Ҳоло тафтишот ҷараён дорад ва агар суоле доред, аз Раёсати корҳои дохилии пойтахт пурсед."
Наворро дар ин ҷо тамошо кунед:

Дар рӯйхати гумонбарон ба терроризму ифротгароӣ

Пештар Раёсати умури дохилӣ дар Душанбе ва мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон далели боздошти Имомалӣ Идибеговро ба он рабт дода буданд, ки "солҳои 2015-2017 дар муҳоҷирати корӣ дар Маскав буда, тавассути шабакаҳои интернетӣ пайравӣ ва ҷонибдорияшро ба ДОИШ ифода намудааст".
Мақомот гуфтанд, ба зидди ӯ дар Русия бар асоси моддаи 205-и Кодекси ҷиноии он кишвар парванда кушодаанд. Ин моддаи қонуни ҷиноии Русия дар бораи “амали террористӣ” аст.
Номи Имомалӣ Идибегов дар рӯйхати шахсони гумонбар ба терроризму ифротгароӣ дар сомонаи Хадамоти федеролии назорати молиявии Русия дар қатори 4236-ум зикр шудааст. Рӯйхат номи беш аз даҳ ҳазор нафарро дар бар мегирад.
Наздиконаш тасдиқ мекунанд, ки то соли 2017 дар шаҳри Смоленски Русия кору зиндагӣ доштанд, вале ҳамагуна иртиботи ӯро бо гуруҳҳои террористӣ инкор мекунанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Имомалӣ Идибегов дар Русия бо ду шаҳрванди Узбекистон ҳамкорӣ дошта, пас аз дастгир шудани онҳо ба кишвар “фирор кардааст”. Дилбар Ғаниева тасдиқ кард, ки хонаводааш соли 2017 ба Душанбе баргашт, аммо гуфт, он фирор набуд.
Дилбар Ғаниева айни замон гуфт, моҳи марти имсол маъмурони милисаи Шоҳмансур-2, ба назди онҳо рафта, бо шавҳараш суҳбат доштанд ва “баъд аз гирифтани забонхат гуфтанд, мунтазири санадҳо аз Русия ҳастанд”. Ӯ мегӯяд, шубҳаовараш он аст, ки боздошти шавҳараш дар роҳ ба Шуъбаи корҳои дохилии Шоҳмансур-2 сурат гирифт.
"Гуфта буданд, ки ба Шуъба биёед, чанд санадро имзо мекунед, тамом. Боз занг зада пурсиданд, ки дар куҷо ҳастед, ҳамон ҷо бимонед. Мо дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар маҳаллаи Қаротегини Душанбе истодем. Омада, тирезаи мошинро шикастанд ва ӯро дастгир карданд", -- нақл кард ӯ.
Навори лаҳзаи боздошт дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи бисёриҳоро ҷалб кард. Аксарият онро “сарбозшикор» пиндоштанд ва чунин тарзи рафторро бо сокинон нодуруст шумурданд. Мақомот мегӯянд, навор аз сӯи ронандаи мошине, ки Имомалӣ Идибегов дар он нишаста буд, сабт шуда, ба Интернет роҳ ёфтааст. Феълан, ҳамсари Идибегов, ронандаи таксӣ ва як ҳамроҳашон барои халал расондан ба амалиёт муттаҳаманд.
Русия чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ ҷустуҷӯ дорад. Аксу номи чанде аз онҳо дар сомонаи "Интерпол" ҳаст. Бархе дигар барои кумак ҳамкорӣ ва ё кумак ба терроризм дастгиру муҷозот шудаанд, аммо пайвандонашон ҳамвора ҳамкории онҳоро бо созмонҳои мамнуъ инкор кардаанд.
Бино ба омори расмӣ аз соли 2014, баъд аз зуҳури ДОИШ ва ишғол шудани қаламравҳои васеи Ироқу Сурия аз тарафи ҷангҷӯёни он тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин созмон ва дигар гуруҳҳои тундраву террористӣ дар ин ду кишвар пайвастанд. Мақомот гуфта буданд, ки аксари онҳо аз Русияву Туркия ба онҷо рафтаанд.








Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.