расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Рустами Эмомалӣ барои ишғоли ҷойҳои холӣ озмун эълон гардидааст: маош - 1675 сомонӣ

. / Сиёсат

Рустами Эмомалӣ барои ишғоли ҷойҳои холӣ озмун эълон гардидааст: маош - 1675 сомонӣ

Бар асоси амри Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар ин ниҳод озмун эълон карда шуд
 Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, барои ишғоли се ҷои кории холӣ озмун эълон карда шуд.
Манбаъ афзуд, ки дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҷойи сармутахассиси шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният холӣ мебошад. Маош 1675 сомонӣ мебошад.
Инчунин довталабон метавонанд, барои ишғоли мақоми сармутахассиси шуъба оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.
Мақоми сеюм, ки холӣ мебошад, сармутахассиси шуъба оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология мебошад. Маоши мансабии ҳамаи ин мақомҳои холӣ - 1675 сомониро ташкил медиҳад.
Дар банди талабот аз довталабон таҷрибаи на кам аз 3 соли хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, қобилияти идоракунӣ, банақшагирии раванди кор, маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ ва кор бо тобеон зикр шудааст. Феҳрасти пурраи талабот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар сомонаи Маҷлиси миллӣ дастрас аст.
Таъкид шудааст, ки довталабон барои иштирок метавонанд, ҳуҷҷатҳояшонро ба комиссияи озмун ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ- 42 ва почтаи электронии  kadr@majmilli.tj  шахсан ё тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд.

Read more: https://sputnik-tj.com/society/20210216/1032837567/Rustami-Emomal-ozmun-maosh-somoni.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.