расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Расулзода дар Маскав оғози парвозҳо ва афви муҳоҷиронро хост: чӣ ҳосил шуд?

Сиёсат / Муҳоҷир

Расулзода дар Маскав оғози парвозҳо ва афви муҳоҷиронро хост: чӣ ҳосил шуд?

Ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия, ки тайи ду рӯзи охир таҳти роҳбарии нахуствазири тоҷик, Қоҳир Расулзода ва муовини раиси Ҳукумати кишвари мизбон, Алексей Оверчук ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид
 Ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати Расулзода бо дарназардошти беҳбудии вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ, ба ҷониби Русия пешниҳод кардааст, ки масъалаи зудтар барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишварро баррасӣ намояд. Ҳайати меҳмон ба вазъи хуби эпидемиологӣ дар Тоҷикистон таъкид намудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират аз мавӯъҳои меҳварии ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ буд.
“Аз тарафи ҳайати Тоҷикистон масъалаи мақоми ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки зимни иқомат дар Русия дар ҳолати номуайянӣ қарор мегиранд, ба миён гузошта шуд”, - иттилоъ дод ВУХ.
Манбаъ афзуд, барои баррасии масъалаи қонунигардонии мақоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Русия бинобар содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҷузъӣ манъ аст, ба ҷониби мизбон муроҷиат сурат гирифт.
Вазорати умури хориҷӣ дар мавриди посухи Русия ба ин дархостҳои Тоҷикистон иттилое надодааст.
Дар ҷаласа инчунин ҳамкориҳо дар бахши беҳдошт, маориф, аз ҷумла бунёди макотиби русӣ дар Тоҷикистон, ҷалби сайёҳон аз Русия, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, афзоиши боркашонӣ ва тиҷоратро баррасӣ намудаанд.
Аз ҷумла ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва мушорикати саноатии Тоҷикистону Русия чораҳои зарурӣ меандешанд. Инчунин мувофиқа шудааст, ки барои дарёфти роҳҳои беҳтари расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла гумрукӣ ва таҳвили нақлиётӣ бо мақсади таъмини мунтазами маҳсулоти Тоҷикистон ба қаламрави Русия чораандешӣ хоҳад шуд.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20210209/1032791371/Parvoz-Rasulzoda-Maskav.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.