расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Раиси Кумитаи сохтмон: иҷозатномаи Бек Сабурро мегирем

. / Сиёсат

Раиси Кумитаи сохтмон: иҷозатномаи Бек Сабурро мегирем

Мо мунтазирем, ки сохтмонҳои ниматамомашро кай ҷамъбаст мекунаду ба комиссияи давлатӣ месупорад.


Бек Сабур биноҳои нотамомашро ҷамъбаст кунад, иҷозатномаи сохтмонашро мегирем. Ин нуктаро имрӯз Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон ваъда дод. 
Ба гуфтаи Зувайдзода, шикоятҳо аз камбудҳои биноҳое, ки ширкатҳои Бек Сабур "Комил-2010" ва "Ниагара" сохтаанд, зиёд аст. 
"Бекро зиёд сарзаниш накунед, ӯ вақтҳои охир фаъолтар шудааст", - бо ҳазл ба рӯзноманигорон гуфт Маҳмадсаид Зувайдзода.
 Вале Зувайдзода гуфт, ҳамоно пас аз ба истифода додани охирин хонаҳои истиқоматии ширкат дар Душанбе, литсензия ва ё иҷозатномаи ширкат бозхонда мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.