расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ниҳоди нав: Агентии иноватсия ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъсис меёбад

. / Сиёсат

Ниҳоди нав: Агентии иноватсия ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъсис меёбад

Инро Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дастур дод.

Сурат: Sch1413sv.mskobr.ru
Дар Тоҷикистон сохтори нав - Агентии инноватсия ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад. Инро Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард ва дастур дод, ки сохторҳои марбут чораандешӣ кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон ташкили ин сохтори навро барои роҳандозии иқтисодӣ рақамӣ ва ҳукумати электронӣ зарур шуморид, ки ба иқрори эшон, Тоҷикстон дар ин росто хеле ақиб мондааст.
"Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.