расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ИҒВОАНГЕЗӢ: ХИСЛАТЕ, КИ ХОИНОНРО МУАРРИФӢ МЕКУНАД

. / Сиёсат

ИҒВОАНГЕЗӢ: ХИСЛАТЕ, КИ ХОИНОНРО МУАРРИФӢ МЕКУНАД

СИЁСАТ

Сешанбе 26 Январ 2021 8:52:54


7723
Воқеан, ҳисси меҳанпарастӣ замоне пайдо мегардад, ки шахс бо Ватану миллати хеш фахр намуда, баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, озодиву истиқлол ва гиромидошти анъанаҳои чандинасраи халқ камари ҳиммат мебандад. Вале касе, ки аз чунин муқаддасоту арзишҳои миллӣ рӯй мегардонад, бевосита аслу аҷдодонашро эътироф накарда, дер ё зуд побанди расму арзишҳои бегона мешавад.

Барои пешрафти мустақилонаи давлат ҳам зарур аст, то дину оин, маданият, фарҳангу забон ва тамомияти арзии он аз ҳар ҷиҳат ҳифз карда шавад. Аммо қобилияти ҳимояи манфиатҳои миллӣ танҳо ба шахсоне хос аст, ки ақлу заковати бузург ва иродаи матин доранд. Аз ин рӯ, одамони соҳибмаърифат пайваста ҷавобгари аъмоли хеш буда, барои содиқ мондан ба Ватану миллат талошҳои бемисл менамоянд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки дар Ватани хеш гузаштаву оянда дорӣ, аммо дар сарзамини бегона танҳо дар замони ҳозира хоҳӣ зист. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки пас чаро онҳое, ки ҳамчун меҳмон дар кишварҳои хориҷа зист доранд, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бар миллату давлати хеш санги маломат мезананд?

Дар ин маврид таҳлилгар Ҷаббор Хӯҷаназаров мегӯяд, ки феълан гурӯҳҳои муайян таваҷҷуҳ бар он доранд, ки тавассути воситаҳои гуногун ба тафаккури омма, хосса шуури ҷамъиятӣ таъсири шадид расонанд.

- Пӯшида нест, ки ҳоло ҳам дар баъзе ҷойҳои дурдасти кишвар одамон ба иттилооти саҳеҳу дуруст дастрасии пурра надоранд. Мутаассифем, ки теъдоди зиёди шаҳрвандон, ҳатто масъулину кормандони идораҳои давлатӣ ба аъмоли беасос, гуфтаҳои иғвоангези шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мақсаднок ба бесуботию барангехтани кинаву адоват равона шудаанд, вокунише нишон намедиҳанд ва танҳо роҳи бетарафиро ихтиёр намудаанд. Яъне, новобаста аз он ки идеология хуб бошад ё бад, тадриҷан он метавонад, бевосита идеологияи дигарро побанди худ кунад. Барои ин, аҳли зиё, волидону омӯзгорон ва дигар ниҳодҳои дахлдорро шарту зарур аст, ки бо аҳолии осоишта мулоқоту вохӯриҳои судмандро аз ҳарвақта зиёдтар намуда, тафаккури ҷамъиятиро тақвият бахшанд, -афзуд Ҷ. Хӯҷаназаров.

Дар идомаи тавзеҳоташ номбурда иброз намуд, ки мардум воқеъбинона бояд дарк намоянд, ки асолати ваҳдату соҳибистиқлолӣ чӣст ва он бо кадом арзиш ба даст омадааст. Дуюм, бо масоили ифротгароии мазҳабӣ ва ахлоқу маърифат ҳам корҳои муайянеро мебояд анҷом дод. Бо ибораи дигар, ҷиҳати такмили арзишҳои башарӣ дин низ нақши бузург дошта, дар ҳар давру замон барои инсоният хизмат менамояд. Аммо вақте ки дин бо сиёсат омехта мешаваду хоинони миллат ва давлат аз он сӯистифода мекунанд, коршиносону рӯҳониёнро ҳам зарур аст, то моҳияти мазҳабро барои табақаҳои муайяни аҳолӣ воқеъбинона бифаҳмонанд.

Номзади илмҳои фалсафа Лола Назархудоева, суханони болоро тақвият дода, гуфт: “Табиист, ки умуман дар сохтори ҷамъиятӣ камсавод аз бесавод хавфноктар мебошад. Яъне бесавод чизеро нафаҳмида, ҳамеша сокит аст. Лекин камсавод асли ин ё он матлабро надониста, аз пашша фил месозад ва ин амали ӯ барои бесуботию иғвоангезӣ боис мегардад.
Барои ин, аҳли донишу фаҳмро лозим аст, ки нуқтаи назари хешро атрофи масъала беғараз баён намуда, барои ҳама гуна тамаъкорӣ посух диҳанд”.

- Маълум аст, ки одамони алоҳида имрӯз аз барои пулу мол шуда, ба хориҷа рафтаанду виҷдони худро фурӯхтанд. Яъне онҳо пеш аз ҳама ба манфиати шахсии хешу кишварҳои хориҷӣ, вале бар зарари миллату давлати худ кор карда, бепарда мардумро ба табаддулот даъват мекунанд. Ин шахсиятҳои манфиатҷӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои гуногуни иттилоърасон пайваста, ҳамарӯза талош бар он доранд, то корбарони зиёдро ҷалб намоянду бар афкорашон мусаллат шаванд. Шубҳае нест, ки номи ин шахсон ҳамчун хоини ашаддии миллат дар ахлотгоҳи таърих мемонад.

Дар баробари ин, баъзе кормандони васоити ахбори оммаро ҳам зарур аст, ки на фақат барои ҳангомасозӣ ва сатҳӣ кор кунанд, балки ҳақиқату паёмадҳои масъаларо ба мардум фаҳмонанд, - афзуд Л. Назархудоева.

Аммо дар ин росто сармуҳаррири рӯзномаи “Бадахшон” Раҳмони Гулзор тавзеҳ дод, ки воқеан агар рӯзноманигор ботаҷрибаю неруманд бошад, қаламу суханаш ҳам пурқувват аст. Ӯ гуфт:
Дар вазъи ҳассос, бахусус фаъол гаштани бадхоҳони миллату давлат таваҷҷуҳи ҳукумат ҳам ба ВАО бояд аз ҳарвақта бештар бошад”.

Хуллас, барои хушунату вайронкорӣ сонияе ҳам басанда аст. Лекин барои нишон додани амалҳои шоиставу писандида, аз худ номи нек гузоштан ба ҳар кас муяссар намегардад. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама шахсият дар ниҳоди инсон бояд рушду такомул ёбад, то на ба Ватану хештан зарар орад ва на атрофиён аз ӯ осеб бинанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.