расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тағйироти кадрӣ дар Бонки миллӣ ва Вазорати рушди иқтисод

. / Сиёсат

Тағйироти кадрӣ дар Бонки миллӣ ва Вазорати рушди иқтисод

Муовинони роҳбарони БМТ ва Вазорати рушди иқтисод иваз шуданд.


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод, мақомоти прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои президент Фирдавс Толибзода ва Мирҳаёт Ёқубзода ба вазифаҳои муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Гуфта мешавад, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Фарҳод Восидиён муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуд.
Дар мувофиқа бо сарвари давлат аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба сардорони Раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ВМКБ, вилояти Хатлон ва дигар Раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии мазкур таъин гардиданд.
Ба вазифаи прокурори ВМКБ, прокуророни ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Ховалинг, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони собиқадору соҳибтаҷриба таъин шуданд.
Ҳамчунин бо амри сарвари давлат Аҳлиддин Ибодуллозода директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин шуд. Директори пешини ин муассиса Абдувалӣ Шарифзода ба кори дигар гузашт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.