расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Дархости санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдории Душанбе

. / Сиёсат

Дархости санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдории Душанбе

Инро Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб дархост намуд.


Рустами Эмомалӣ
Сурат: шаҳрдории Душанбе
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ барои санҷиши фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории шаҳрдории пойтахт дар соли 2020 дархост фиристод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ирсол шудааст.
Ин бори аввал нест, ки Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи ҳадафноки маблағҳои буҷет дар пойтахт ба мақомоти дахлдор дархост мефиристад.
Шурӯъ аз соли 2017, замони ба роҳбарӣ гирифтани шаҳрдории пойтахт ӯ ҳамасола моҳи январ ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдорӣ ба сохторҳои марбута муроҷиат мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.