расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тоҷикистону Фаронса масоили ҳамкориро баррасӣ карданд

. / Сиёсат

Тоҷикистону Фаронса масоили ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҳамчунин атрофи дигар масоили муҳиму рӯзмарра табодули афкори судманд сурат гирифт.

Сурат: ВКХ ҶТ
Даври чоруми ройзаниҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса 12 январи соли равон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайати Тоҷикистонро и.в. сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка Усмонов Фирдавс ва ҳайати Фаронсаро муовини мудири кулли Идораи қитъаи Аврупо Силвен Гиёге роҳбарӣ намуданд.
Гуфта мешавад, дар нишаст маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, муҳити зист, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, обу энергетика ва мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сурат: ВКХ ҶТ
Зикр мегардад, ки дар атрофи мавзӯоти мубориза бо COVID-19, таҳдиду чолишҳои муосир, тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, соли 2021 дар Париж баргузории ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Фаронса ва сафари ҳайати тоҷирони Фаронса ба Душанбе бо мақсади омӯзиши имконоти сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дар назар аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.