расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Афғонистону ИМА мулоқот мекунанд

. / Сиёсат

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Афғонистону ИМА мулоқот мекунанд

Аммо ҳанӯз маълум нест, ки дар ин нишасти сеҷониба чӣ масоиле баррасӣ мешавад.

Сурат: Коллаж Asia-Plus
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳам мулоқот хоҳанд кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. 
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ ин мулоқот маҷозӣ буда, қарор аст имрӯз, 7-уми январи соли 2021 баргузор шавад. Вазорат дар мавриди чигунагии ин нишаст ва масоили дар он гузориш надода, танҳо гуфтааст ин мавзуъ дар мулоқоти рӯзи 4-уми январи сафири Тоҷикистон дар Кобул Саъдӣ Шарифӣ бо вазири хориҷаи Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баррасӣ шудааст.
Вазорати хориҷиа нишасти маҷозии сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро яке аз мавзуъҳои вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Кобул  дониста гуфтааст, ки  рӯзномаи он бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон баррасӣ шудааст. 
Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳам дар як хабарномаи нашркарда дар саҳфаи расмии интернетияш гуфтааст, ки "Шарифӣ дар мавриди омодагиҳои кишвараш перомуни роҳандозии нишасти сеҷониба миёни Афғонистон, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба оқои Атмар маълумоти муфассал дод".
Аммо вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳам дар мавриди ҷузъиёти ин нишаст чизе нагуфтааст. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.