расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Созиши Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар соли 2021

. / Сиёсат

Созиши Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар соли 2021

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Агентии тиҷорати хориҷии ин кишвар мулоқот кард.

Сурат: mfa.tj
Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ 5 январ бо Роҳбари Агентии тиҷорати хориҷии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Ҳарбӣ мулоқот намуд.
Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ  баррасӣ гардиданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба аҳаммияти мубодилаи сафарҳои роҳбарони ниҳодҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва баргузории форумҳои иқтисодӣ бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ таъкид карданд.

Қобили зикр аст, ки Арабистони Саулӣ яке аз аввалинҳо шуда 11 январи соли 1992 соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф намуд. Муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳо 22 феврали соли 1992 роҳандозӣ гардиданд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз - пойтахти Шоҳигарии Саудӣ сентябри 2008 кушода шуд.
Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе соли 2010 ба фаъолият оғоз кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.