расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Миннатпазирии Эмомалӣ Раҳмон аз Шавкат Мирзиёев барои дастгирӣ дар давраи пандемия

. / Сиёсат

Миннатпазирии Эмомалӣ Раҳмон аз Шавкат Мирзиёев барои дастгирӣ дар давраи пандемия

Ба мардумони тоҷику ӯзбек бурдборӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу шуд.

Сурат: ia-centr.ru
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 30 декабр бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ҳамдигарро бо Соли нав самимона табрик намуда, зимни таманниёти неки хеш ба мардумони тоҷику ӯзбек бурдборӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.
“Сарфи назар аз мушкилоти воқеии соли равон, ҷонибҳо тавонистанд аксари тавофуқоти қаблан бадастомадаро амалӣ гардонанд ва ба ин раванд аз бисёр ҷиҳат ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат намуд”, - изҳор дошт зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки коргоҳи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «Артел Авесто Электроникс», ҳамчунин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз ҷониби бародарони ӯзбек дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон сохта шудааст, расман мавриди истифода қарор гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории зичи тарафҳоро дар шароити паҳншавии пандемияи КОВИД-19 махсусан таъкид намуда, дар ин робита ба иқдомҳои башардӯстонаи Ӯзбекистон нисбат ба кишвари мо ҳамчун шакли олии ифодаи анъанаҳои неки ҳамсоягӣ ва дастгирии ҳамдигар, ки таърихан хосси муносибатҳои ду халқ мебошанд, баҳои баланд дод.
Дар охир ҷонибҳо ҳавасмандии худро дар бобати таҳким бахшидани ҳамаи самтҳои ҳамкориҳои дарозмуддату бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи шарикии стратегӣ иброз намуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.