расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Сафири ИМА: “Бозори сармоягузории Тоҷикистон бояд ҷолиб шавад” ва васфи шоирдӯстдориву қурутобу мусиқии тоҷикон

. / Сиёсат

Сафири ИМА: “Бозори сармоягузории Тоҷикистон бояд ҷолиб шавад” ва васфи шоирдӯстдориву қурутобу мусиқии тоҷикон

Ӯ гуфтааст, ки ҳатто вақте барои писаронаш аз шоирони тоҷик порчаҳо мефиристад, онҳо ҳам таваҷҷуҳи ғайриинтизоре кардаанд.

Сурат: Сафорати ИМА дар Душанбе
Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершейм дар як мусоҳиба бо маҷаллаи ОCA (Open Central Asia) гуфтааст, ки мо  мунтазири ҷолибтар шудани бозори Тоҷикистон барои  сармоягузорони байналмилалӣ ҳастем. Поммершейм ҳамчунин дар ин мусоҳибааш аз шеърдӯстдории тоҷикон, шоироне чун Рӯдакиву Румӣ, қурутоб, мусиқӣ, имконоти сайёҳӣ ва оиладории тоҷикон тавсиф кардааст.
Ҷон Марк Поммершейм дар посухи ба суоли чӣ ҳамкориҳои иқтисодие Амрикову Тоҷикистон доранд, гуфтааст, ки мо интизорем, ки бозор барои сармоягузорони байналмилалӣ ҳарчи бештар ҷолибтар хоҳад шуд, ки ин метавонад ба рушди иқтисодӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми минтақа оварда расонад.
“Мо бо ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамкории зич дорем. Корпоратсияҳои амрикоӣ ва байналмилалӣ кафолати шароити баробарро мехоҳанд, то ки сармоягузории онҳо бо волоияти қонун ҳифз карда шавад”- гуфтааст сафир.
Сафири ИМА дар ин мусоҳибааш гуфтааст, ки Тоҷикистон фарҳанги беназир ва аҷоиб дорад. Шоирон, ба мисли Румӣ ва Рӯдакӣ, хеле машҳуранд ва мусиқӣ дар инҷо, аз мусиқии попи анъанавӣ то мусиқии муосир хеле форам ҳастанд ва гӯш кардани онҳо хеле гуворо аст.
Поммершейм гуфтааст, ки қабл аз ин ки ба Тоҷикистон биояд, шунида буд, ки алоқаи Тоҷикистон ба шоиронаш беҳудуд аст ва вақте омад, ин шунидааш яқин шуд. Ӯ гуфтааст, ки ҳатто вақте барои писаронаш аз шоирони тоҷик порчаҳо мефиристад, онҳо ҳам таваҷҷуҳи ғайриинтизоре кардаанд. Сафири ИМА шеъри “Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон”-и Рӯдакиро дархӯри ҳоли дипломатҳое гуфтааст, ки солҳои тӯлон дар кишварҳои дигар ба дур аз наздикону пайвандонашон зиндагӣ мекунанд.
Сафир бо ишора ба шеърдӯстдориву шоиргароии тоҷик гуфтааст, ки “дар Тоҷикистон шеърро дар ҳама ҷо дидан ва шунидан мумкин аст: ҳатто вақте ки ҳамёнатонро мекушоед, шумо дар болои пулҳои кишвар шоиронро мебинед”.
Акс: Сафорати ИМА дар Душанбе
Сафири Амрико дар Тоҷикистон ҳамчунин аз эҳтироми тоҷикон ба хонавода ва пиронсолон ситоиш карда, гуфтааст, ки “шояд баъзеҳо дар Иёлоти Муттаҳида аз ин огоҳ набошанд”.
Дипломати амрикоӣ гуфтааст, ки қурутоби тоҷикон барояш “махсусан писанд аст”. Ӯ ҳамчунин аз меваву сабзавоти аълои Тоҷикистон, ҳамкориҳои энергетикӣ, имконоти сайёҳии Тоҷикистон ситоиш карда гуфтааст, ки “Тоҷикистон ҳамчун яке аз зеботарин кишварҳои ҷаҳон эътибори шоиста дорад”.
Сафири ИМА гуфтааст, ки забони тоҷикиро меомӯзад ва ҳамроҳ бо ҳамсараш куҳгардӣ дар Тоҷикистонро бисёр хуш дорад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.