расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба “Азия-Плюс”: Сафари ман танҳо бо ҳадафи ҷалби ҳимояти Тоҷикистон набуд

. / Сиёсат

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба “Азия-Плюс”: Сафари ман танҳо бо ҳадафи ҷалби ҳимояти Тоҷикистон набуд

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон имрӯз дар як нишасте дар Сафорати кишвараш дар Душанбе ба бархе аз суолҳои хабарнигорони тоҷик низ посух дод.

Сурат: Asia-Plus
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ки бо як сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, баъд аз зуҳри имрӯз ба қароргоҳи Сафорати Афғонистон дар Душанбе омад ва бо ҷамъе аз шаҳрвандони муқими Тоҷикистони Афғонистон ва хабарнигорони  расонаҳои Тоҷикистон дидор анҷом дод.
Ӯ ба ин мулоқот, ки пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон омада буд, ба чанд суоли хабарнигори “Азия-Плюс”  посух дод. Аз ҷумла, ба суоли ин ки қабл аз сафар ба Тоҷикистон гуфта буд, ки барои ҷалби ҳимоят аз сулҳ дар Афғонистон меравад, мушаххасан мунтазирӣ чӣ навъ ҳимояте аз Тоҷикистонанд, гуфт, ки ҳадаф танҳо ин набуд.
“Дар ин сафар танҳо масъалаи ҷалби ҳимоят нест. Инҳо (Тоҷикистон-Азия-Плюс) ҳамеша ҳомӣ буданд аз пружаи сулҳ дар Афғонистон, балки дар паҳлӯи он табодули назар ҳам буду аз таҷрибаҳои ин ҷо омӯхтан низ. Шумо медонед, ки форумҳои минтақаӣ аст, форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ аст, кишвари Тоҷикистон ҳамеша дар ин росто, дар дифоъ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон, дар паҳлӯи мардуми Афғонистон буда. Ба ин нисбат табодули назару баҳсҳо дар сатҳҳои мухталифи раҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат буд, ки ба ин ҷо сафар кунем".
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамчунин ба суоли дигари хабарнигори “Азия-Плюс”, ки оё фикр мекунед, ки сулҳ дар Афғонистон омаданист, посух дод, ки ин барои Афғонистон як зарурати ҳаётист.
“Зарурати аслии мардуми Афғонистон сулҳ аст. Ман ҳеч шакке надорам ва хости аслии мардуми Афғонистон ҳам ҳамин чиз аст. Мавонеъ ҳам вуҷуд дорад, мушкилот  ҳам вуҷуд дорад, аммо иншоаллоҳ, ки бо ёрии Худованди бузург ва бо ёрии мардуми Афғонистон  шаҳрвандони кишвар ба ин орзуи худ мерасанд”.
Дар ин мулоқот Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамчунин ба суолҳои рӯзноманигорони дигари тоҷик ҳам дар робита ба музокироти сулҳ дар Афғонистон, нигарониҳои амниятии Тоҷикистон аз фаъол шудани “Толибон” дар марзҳои муштарак, қочоқи маводи мухаддир ва ғайра посух дод.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин мулоқот ҳамчунин гуфт, ки бо Эмомалӣ Раҳмон дидораш аз замоне муқаррарӣ бештар тӯл кашидааст ва 2,5 соат суҳбат кардааст. Ӯ гуфт, ки “Эмомалӣ Раҳмон барояш гуфтааст, ки аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон ҳамаҷониба ҳимоят мекунем”.
Абдуллоҳ Абудллоҳ дар давоми ин сафари дурӯзааш, ҳамчунин рӯзи 21-уми декабр бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  низ мулоқот карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • aedan | Гости

    Hello All Thanks for checking out my writing website . My name is Eduard. I have worked since high school in this niche. My passion for writing started at a young age. I wrote journaled as a child and eventually went on to work with my school newspaper. This early tryst into news reporting eventually led me to academic writing. There is plenty of work for professional writers. I specialize in research papers , but have the skills to do all types of academic writing. Email me for more information about rates and a price quote. I’m looking forward to helping you. Academic Writer – Eduard – simonnejones.org Band

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.