расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Сироҷиддин Муҳриддин: Тоҷикистон фазои ҷорӣ дар Афғонистонро аз наздик дунбол мекунад

. / Сиёсат

Сироҷиддин Муҳриддин: Тоҷикистон фазои ҷорӣ дар Афғонистонро аз наздик дунбол мекунад

Сурат: Суҳроб Зиё
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти имрӯзаш бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои оли мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфтааст, ки Тоҷикистон фазои ҷорӣ дар Афғонистон ва минтақаро аз наздик дунбол мекунад.
Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин дидор Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, ки Душанбе ва Кобул дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта бошанд.
"Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ дар Давҳа истиқбол мекунад. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки музокироти сулҳи байниафғонӣ заминаи муҳкамро барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида гузорад",-гуфтааст вазири корҳои хорҷии Тоҷикистон.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин дидор гуфтааст, ки сулҳи боиззат, пойдор ва одилона дар Афғонистон ба нафъи минтақа ва ҷаҳон аст ва бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи Тоҷикистон дар арсаи сулҳ хоҳони идомаи ҳамкорӣ ва ҳимояти Тоҷикистон аз талошҳои сулҳ дар кишвар ҳастем,-менависд раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар саҳфаи расмии фейсбукияш.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо як сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ имрӯз ҳамчунин бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода низ дидор дошт. 
Қарор аст фардо, 22-юми декабр бо Эмомалӣ Раҳмон дидор кунад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ қабл аз сафараш дар саҳфаи расмии фейсбукаш навишта буд, ки ин сафараш бо даъвати расмии ҷониби Тоҷикистон сурат мегирад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • kelise | Гости

    Hello , I’m Nannie. If you’ve ever been too busy and couldn’t finish a academic paper, then you’ve come to the right place. I work with students in all areas of the writing process . I can also write the essay from start to finish. My career as a scholarly writer started early in college . After learning that I was very talented in the field of academic writing, I decided to take it up as a career . Skilled Academic Writer- Nannie Morris- www.queronaao.com Corp

  • Гость reema | Гости

    Hello everyone, it’s Reema here! I work as an academic writer and have created this content with the intent of changing your life for the better. I started honing my writing abilities in college. I learned that my fellow students needed writing help—and they were willing to pay for it. The money was enough to help pay my tuition for my first semester of college. Ever since high school, I have continued to work as an academic writer. I was hired by a writing company based in the United Kingdom. Since then, the essays that I have created have been sold around Europe and the United States. In my line of work, I have become used to hearing, “Reema Bright, can you help me meet my writing assignment deadline?” I know that I can save their time. Professional Writer – Reema – www.leadershipeducationnelenhaiti.comTeam

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.