расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ҷияни Маҳмурод Одинаев низ боздошт шудааст (ВИДЕО)

. / Сиёсат

Ҷияни Маҳмурод Одинаев низ боздошт шудааст (ВИДЕО)

Ба гуфтаи пайвандонаш, Зулфиқор Одинаев, бародарзодаи Маҳмурод Одинаевмуовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиалдемократи Тоҷикистонниз ҳамроҳи амакаш дастгир шудааст. Онҳо мегӯянд, 10 рӯз боз барояш ба боздоштгоҳи ШВКД Ҳисор хӯрок мебаранд.  Зулфиқор Одинаев, нафаре буд, ки рӯзи 4 декабр дар канори раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар нишасти хабарӣ иштирок дошт. Гумон меравад, ки мақомот баъди он нишаст аз паси Зулфиқор Одинаев поида, тавассути ӯ амакашро дастгир кардаанд. Зулфиқор Одинаевписари Юсуф Одинаевбародари Маҳмурод Одинаев ва фарзанди ягона дар оила аст. Меҳрнигор Ризоеваҳамсари Маҳмурод Одинаев гуфтЗулфиқор Одинаев дар бозор савдо мекардВай гуфтто ҳанӯз на Зулфиқор ва на Маҳмурод Одинаев вакили мудофеъ надоранд.
Пайвандонаш мегӯяндЗулфиқор Одинаевбародарзодаи Маҳмурод Одинаевмуовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиалдемократи Тоҷикистонниз дастгир шудаастБа иддаои онҳоӯ даҳ рӯз боз дар боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи корҳои дохилии Ҳисор нигоҳдорӣ мешавад ва “барояш хӯрок мебаранд“.
Дар ШКД-и Ҳисор рӯзҳои 14 ва 15-уми декабр нахостанд, ки дар ин бора маълумот диҳанд. Расман ба зидди ӯ айб эълон нашудааст. Хешовандонаш аз қавли маъмурони милиса гуфтанд, тақдири ӯ баъд аз понздаҳ рӯзи боздошт маълум мешавад“.
Зулфиқор Одинеав рӯзи 4-уми декабр ҳангоми нишасти хабарӣ дар қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар канори Раҳматилло Зойиров нишаста буд. Пайвандонаш бовар доранд, мақомот ӯро баъди баромадан аз нишаст таъқиб карда, тавассути вай ҷойи Маҳмурод Одинаевро ёфтаанд.
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, низ рӯзи панҷуми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, бо эҳтимоли зиёд ӯро тавассути як дастёраш ёфтаандки дар назди Маҳмурод Одинаев буд.”
Дертар, рӯзи 12-уми декабр, Зойиров иддао кард, ки ҷойи муовинашро аз рӯйи телефон ёфтаанд. Иддаое, ки расман онро шарҳ надод ва кӯшишҳо барои тамос бо ӯ дар чанд рӯзи ахир бенатиҷа аст.
Зулфиқор Одинаев, писари Юсуф Одинаев, бародари Маҳмурод Одинаев ва фарзанди ягона дар оила аст. Меҳрнигор Ризоева, ҳамсари Маҳмурод Одинаев гуфт, Зулфиқор Одинаев дар бозор савдо мекард. Вай гуфт, то ҳанӯз на Зулфиқор ва на Маҳмурод Одинаев вакили мудофеъ надоранд.
Ин дар ҳолест, ки раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтааст, мақомот пешниҳоди онҳоро барои киро кардани вакили мудофеъ ба Маҳмурод Одинаев рад кардаанд. Раҳматилло Зойиров рӯзи 15-уми декабр ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, мақомот далели рад шудани пешниҳодро ба он рабт додаанд, ки муовинаш бо сабаби “авбошӣ” боздошт шудааст, на фаъолияти ҳизбӣ.
Ба қавли ӯ, охири ҳафтаи гузашта ба Додситонии шаҳри Ҳисор рафта буд, ки тафтиши парвандаи Маҳмурод Одинаев дар онҷо ҷараён дорад.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 5-уми декабр гуфт, Маҳмурод Одинаевро дар ҳамин рӯз ва барои он дастгир кардаанд, ки моҳи октябр дар назди комиссариати ҳарбии Ҳисор дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуданисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдидзӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.”
Ба гуфтаи додситонӣ, Маҳмурод Одинаев дар инҷо иддао кардааст, ки писари ӯ Ҳоҷиакбар Одинаевро ғайриқонунӣ ба сафи артиши Тоҷикистон ҷалб кардаанд. Айни замон Маҳмурод Одинаев дар боздошт аст ва ба “авбошӣ, нишон додани муқобилият ба намояндаи ҳокимият” муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи додситонӣ, азбаски ба даъватҳои такрорӣ барои ҳозир шудан ба додситонӣ ҷавоб надод, мақомот ӯро дастгир карданд.
Қаблан Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошти баҳсбарангези муовинашро барномарезишуда номида ва ангушт ба сӯйи мақомоти интизомиву амниятӣ кард.
Ӯ рӯзи 12-уми декабр дар як баёния дар Фейсбук навишт, дастгир шудани Одинаев сабаби “хусусӣ” дошт. Аммо Маҳмурод Одинаев пеш аз боздошташ мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва чанде пеш дар як баёнияе дар Фейсбук бо лаҳни тунде ҳукуматро танқид кард ва навишт, бо шумо барин сиёсатмадорон миллату давлатро обод кардан номумкин аст“. Айни замон ӯ навиштааст, ки мардумро ба тазоҳурот даъват мекунад.
Маҳмурод Одинаев ягона узви баландпояи Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ нест, ки дар солҳои ахир боздошт мешавад. Пеш аз ин мақомот Бузургмеҳр Ёров ва Шӯҳрат Қудратов, аз фаъолони ҳизбро боздошт ва ба зиндон маҳкум кардаанд. Ёров ҳанӯз дар зиндон аст, Шӯҳрат Қудратов баъди адои қариб чаҳор соли зиндон озод шуд.
ҲСДТ танҳо ҳизби мухолиф аст, ки пайваста аз тасмимгириҳои мақомот интиқод мекунад. Интихоботи президентии моҳи октябрро дар Тоҷикистон таҳрим кард ва натиҷаашро напазируфт. Гуруҳҳои тарафдори ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбарони ҳизбро барои, ба гуфтаи онҳо, “танқиди беҷо” ва “нодида гирифтани пешрафтҳо” дар Тоҷикистон айбдор мекунанд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.