расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Додситони Суғд ду ҳафта пеш таъин шудааст

. / Сиёсат

Додситони Суғд ду ҳафта пеш таъин шудааст

Сурат: cm-1.tv
Фурқат Хоҷазода ду ҳафта пеш Додситони вилояти Суғд таъин шудааст, дар ин бора ба “Азия-Плюс” Пайрав Сайфиддинзода  масъули кор бо матбуоти Додситонии Суғд хабар дод. Ба гуфтаи Сайфиддинзода ду ҳафта аст, ки Хоҷазода масъулияти Додситони вилояти Суғдро пеш мебарад.
Додситони пешини  вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидзода рӯзи 18-уми декабр директори Агентии  назорати маводи нашъаовари  назди Президенти Тоҷикистон таъин шуда буд.
Бино ба иттилои манбаъ, Фурқат Хоҷазода то омадан ба мақоми додситони вилояти Суғд дар мақоми муовини прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор мекард.
Хоҷазода Фурқати 41-сола, зодаи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон аст. Риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 2001 хатм карда, корро аз худи Додситонии кулл ба унвони муфаттиш оғоз кардааст.
Баъдан Хоҷазода ба ҳайси додситони ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Муъминободи вилояти Хатлон кор кардааст. Мушовири адлияи дараҷаи 1, сарҳанги мақомоти  додситонӣ аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.