расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Фаврӣ: Оппозитсионери гумшуда Маҳмурод Одинаев ёфт шудааст (ВИДЕО)

. / Сиёсат

Фаврӣ: Оппозитсионери гумшуда Маҳмурод Одинаев ёфт шудааст (ВИДЕО)

Раҳматилло Зойиров, роҳбари ҳизби оппозитсионии сосиал-демократи Тоҷикистон хабар дод, ки муовини ӯ Маҳмурод Одинаев, ки ду ҳафта пеш ғайб зада буд, «сиҳату саломат аст. Ӯ муддати тӯлонӣ бемор буд, роҳ гашта наметавонист. Ҳоло кам-кам ба ҳаракат даромадааст.»
Ғайб задани Маҳмурод Одинаев яке аз пурсарусадотарин хабарҳои ҳафтаҳои охир дар Тоҷикистон буд.. Чунки ӯ қабл аз ғайб заданаш ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат карда буд, то барои баргузории як митинги эътирозӣ дар назди қасри президент дар маркази пойтахти Тоҷикистон иҷозат диҳад.
Одинаев тақрибан аз 19 ноябр, баъди даъваташ ба бозпурсӣ ба ШВКД шаҳри Ҳисор дар робита ба парвандаи латтукӯби писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоев бедарак шуд. Одинаев мегуфт, писарашро дар тарабхонаи «Шоми Шӯроб» ба сабаби фаъолиятҳои оппозитсионии ӯ задаанд. Вале ВКД ҳама гуна ангезаҳои сиёсӣ дар ин қазияро рад карда гуфт, писари Одинаев бо посбони тарабхона барои як духтар ҷанг шудаанд ва ҳоло алайҳи ҳам посбон ва ҳам Ризоев бар асоси моддаи 237 КҶ ҶТ (авбошӣ) парванда кушодаанд.
Баъди бедарак шудани Одинаев бархе, аз ҷумла дар байни мухолифин, иддао доштанд, ки ӯро дастгир кардаанд ва таҳти шиканҷа қарор дорад.
Вале Раҳматилло Зойиров, роҳбари ҲСДТ шоми 3 декабр ба шабакаи телевизионии «Настоящее Время. Азия» хабар дод, ки сабаби чунин муддати тӯлонӣ бедарак шудани Маҳмурод Одинаев бемории ӯ будааст. Зойиров гуфт, тафсилоти бештарро дар ин бора ҲСДТ рӯзи 4 декабр дар як нишасти хабарии вижа нашр хоҳад кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.