расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ба СММ гуфтаанд, тоҷикону узбекҳо ва чеченҳо дар Аврупо "ҳалқаҳои террористӣ сохтаанд"

Сиёсат / Ҷомеа

Ба СММ гуфтаанд, тоҷикону узбекҳо ва чеченҳо дар Аврупо "ҳалқаҳои террористӣ сохтаанд"

Яке аз кишварҳои Аврупо аз пайдоиши гуруҳҳои террористии созмонёфта аз ҳисоби зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон дар қаламрави Аврупо ҳушдор додааст.
Хатари зуҳури гуруҳҳо дар гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид доир ба хатари ДОИШ зикр шудааст, ки аввали ин моҳ нашр шуд ва онро рӯзи 24-уми август дар Шӯрои Амният баррасӣ карданд.
Дар ин гузориш омадааст: "Шабакаҳои террористӣ аз ҳисоби зодагони Осиёи Марказӣ ва Чеченистон дар Аврупо пайдо мешаванд. Дар яке аз кишварҳои минтақа гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дастгир кардаанд, ки дастур гирифтаанд, бо таъсиси ҳалқае ҳамла анҷом диҳанд ва аз ҳисоби муҳоҷирон аъзо ҷалб кунанд."
Дар ин гузориш номи кишвареро набурдаанд, вале мақомоти Олмон рӯзи 15-уми апрел гуфтанд, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ ва қасди ҳамлаи террористӣ дар сарзамини Рейни Шимолӣ-Вестфалия боздошт кардаанд. Аз онҳо Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К., Суннатуллоҳ K. ва Равшан Б. ном бурданд.
Моҳи апрел дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буданд, ки номи Суннатулло К. ва ҳамроҳонаш дар руйхати афроди таҳти пайгард нест. Падари Суннатулло К. рӯзи 20-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш бо зани олмоние издивоҷ карда, ба Душанбе қисмҳои эҳтиётии мошинҳои навъи "Опел" мефиристод.
Дар идомаи гузориши Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки дар ҳамин кишвар рафтори чечентаборон ва тоҷиктаборон, ки ба ақоиди ифротӣ гароида ва ё бо гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ иртибот гирифтаанд, “мояи нигаронӣ” шудааст.
Яке аз кишварҳои дигари шарқи Аврупо ба Шӯрои Амният гуфтааст, ки “ҳалқае аз зодагони Узбекистонро ошкор кардааст, ки ба гуруҳҳои ҷиноии созмонёфта иртибот ва дар маблағгузории терроризм даст доштаанд.”
Владимир Воронков, муовини дабири кулли Созмони Милал дар умури мубориза бо терроризм дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои Амният гуфт, хатари ДОИШ ҳамчунон барҷой аст ва дар кишварҳои ҷангзада ба мисли Сурияву Ироқ афзоиш ёфтааст.
Ӯ афзуд: “Тахмин мешавад, ки бештар аз 10 ҳазор ҷангҷӯи гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия фаъол ҳастанд, ки дар ҳалқаҳои хурд миёни ду кишвар озодона равуо мекунанд.”
Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон, аз замони зуҳури ДОИШ дар соли 2013 бештар аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ва бахусус ДОИШ ҳамроҳ шудаанд.
Дар ин миён садҳо нафарашон куштаву захмӣ шудаанд ва теъдодеро ҳам ба Тоҷикистон баргардонданд. Баъзеро, ки ихтиёрӣ баргаштаанд, афв кардаанд ва теъдоди дигареро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум намуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.