расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Эмомалӣ Раҳмон номзади пирӯзи мухолифини Молдова Майя Сандуро табрик кард

. / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон номзади пирӯзи мухолифини Молдова Майя Сандуро табрик кард

Бори нахуст аст, ки дар Молдова як зан ба мацоми президентии ин кишвар мерасад

Сурат: Roveliu Buga / AP
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Майя Санду gрезиденти тозаинтихоби Ҷумҳурии Молдова Майя Сандуро бо ирсоли як барқия барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар табрик кардааст. Матни барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмонро Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон нашр кардааст.
Хонум Майя Санду номзади мухолифин дар интихоботи раёсатҷумҳурии Молдова буд, ки дар баробари президенти пешини ин кишвар Игор Додон рақобат мекард.
Дар ин барқия аз ҷумла гуфта мешавад, ки “Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Молдова табрику муборакбод менамоям”.
Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихобои Молдова гуфтааст, ки “натиҷаҳои интихоботи президентии баргузоргардида далели ҷонибдории мардум аз роҳи интихобкардаи Шумо ба сӯи рушди босуботи кишвар ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ мебошад”.
Президенти Тоҷикистон бо умедвории рушди бештари ҳамкориҳои ду давлат ба президенти тозаинтихобои Молдова пешниҳод додааст, ки “омодаам, ки дар ин ҷода якҷо бо Шумо тамоми саъйю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳам”.
Майя Санду дар таърихи Молдова нахустин занест, ки ба мақоми президентии ин кишвар мерасад. Ӯ дар даври дуюми интихобот рӯзи 15-уми ноябри 2020 рақибии қавии хеш Игор Додонро бо ба даст овардани 58% раъйи мардум шикаст дод. Додон, ки президенти барҳоли ин кишвар буд ҳамагӣ 42% раъй ба даст овард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.