расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Раиси шаҳри Хуҷанд ҳам аз мансаб барканор шуд

. / Сиёсат

Раиси шаҳри Хуҷанд ҳам аз мансаб барканор шуд

Собиқ раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба ҷойи ӯ таъин гардид.

Фирдавс Шарифзода
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳам аз мақомаш барканор шудааст. Ба ҷойи ӯ Фирдавс Шарифзода таъин шудааст, ки то ин дам раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд буд.
Фирдавс Шарифзода раиси шаҳри Хуҷанд, ки  дуввумин шаҳри бузурги  Тоҷикистон  маҳсуб меёбад, таъин гардидааст. Як манбаъ  дар ин бора  аз ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба “Азия плюс”  хабар дода гуфт, ки дар назар аст, ки имрӯз  муаррифи раиси нав  соати 17  баргузор гардад.  
Фирдавс  Шарифзода  36 сол дошта, аз ин пеш  раиси шаҳри Гулистон буд  ва дар ин вазифа аз моҳи декабри соли 2018-ум кор мекард.  Дар бораи ба кадом вазифа таъин гардидани  Маъруф  Муҳаммадзода ҳамакнун собиқ раиси шаҳри Хуҷанд, ҳоло  иттилое  мавҷуд  нест.  Маъруф Муҳаммадзода 56 сол дошта, аз моҳи марти соли 2017-ум роҳбарии шаҳрро бар ӯҳда дошт.  

Фирдавс Шарифзода  16-уми феврали соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ  таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Тавре ки дар сомонаи МИҲД-и шаҳри Гулиситон омадааст, Фирдавс Шарифзода  соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм карда,  соли 2015 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо дипломи аъло  ба итмом расонидааст. 
Мавсуф солҳои 2001-2003 дар вазифаи сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд, солҳои 2003-2012 дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2012-2014 дар вазифаи сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2014-2015 дар вазифаи мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Аз моҳи апрели соли 2015 то декабри соли 2018 Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.