расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ВМКБ: ИҶРОИ АМРИ ПРЕЗИДЕНТ РӮЗҲОИ НАЗДИК ОҒОЗ МЕШАВАД!

. / Сиёсат

ВМКБ: ИҶРОИ АМРИ ПРЕЗИДЕНТ РӮЗҲОИ НАЗДИК ОҒОЗ МЕШАВАД!

Тақсими китоби "Тоҷикон" – и Бобоҷон Ғафуров, ки бо Амри Президенти кишвар бояд ба ҳар як хонавода дода шавад, аз ноҳияҳои Ванҷ ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз мешавад. 
Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа хабар дод, ки ба наздикӣ тақсими китоби "Тоҷикон" байни сокинони кишвар, аз ноҳияҳои Ванҷ ва Мурғоби ВМКБ оғоз мешавад. "Дар рӯзҳои наздик ба ин ноҳияҳои дурдасти мамлакат корвони мошинҳо бо туҳфаи бебаҳои Роҳбари давлат раҳсипор хоҳад гардид", - гуфтааст Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷаласаи кории комиссия ҷиҳати марҳила ба марҳила тақсим кардани китоби "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров. Нашри китоб бо пешгуфтори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби "Нашриёти муосир" бо сифати баланд, дар ҳаҷми 61 ҷузъи чопӣ оғоз шуд. То имрӯз аз ҷониби нашриёт китоби "Тоҷикон" бо теъдоди 15 ҳазор нусха ба нашр расидааст. Китоб бо теъдоди 1 600 000 нусха ба табъ хоҳад расид. Ин иқдом дар асоси Амри Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад. Пешвои миллат ҳангоми ироаи паёмашон супориш дода буданд, ки китоби "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров нашр ва ба ҳар як хонавода ройгон тақсим карда шавад. подробнее тдж: https://oila.tj/news/vmkb-iroi-amri-prezident-rzoi-nazdik-ooz-meshavad

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.