расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Президенти Арманистон ба интихоботи пеш аз муҳлат даъват кард. АКС

. / Сиёсат

Президенти Арманистон ба интихоботи пеш аз муҳлат даъват кард. АКС


Саркисян, ки рӯзи 16-уми ноябр тавассути телевизион суҳбат мекард, гуфт, “интихобот кишварро аз табаддулот” ҳифз мекунад.
Дар пайи шаш ҳафта даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ, ки миёни нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон сурат гирифт, бо миёнравии Русия созиши сулҳ имзо шуд. Бар асоси он, арманиҳо қаламравҳоеро дар атроф ва дохили минтақаи ҷудоиталаб аз даст доданд.
Президенти Арманистон аз ҳукумати нахуствазир Никол Пашинян ва эътилофи “Иқдоми ман” тақозо кард, ки барои баргузории интихоботи зудрас “харитаи роҳе” таҳия кунанд. Ӯ гуфт: “Бо назардошти вазъи кунунӣ ва тақозои ҷомеа, барои пешгирӣ аз ҳама гуна табаддулоти сиёсии дохилӣ, мусаллам аст, ки баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ ногузир мебошад”.
Изҳороти президент баъд аз он садо дод, ки ӯ бо аъзои гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ музокира кард. Саркисян, ки бештар мақоми ифтихорӣ дорад, гуфт, назари баёнкардаи ӯ бар пояи дидгоҳҳои аксар раҳбарони гурӯҳҳои сиёсӣ ва шахсиятҳои муътабари ҷомеа хулоса шудааст, ки бо онҳо дар рӯзҳои охир гуфтушунид дошт.
Баъзе аз ин гурӯҳҳо бо нишони эътироз ва созиши сулҳ бо Озарбойҷон, Пашинянро танқид ва истеъфои ӯро талаб намуданд. Нахуствазир талаби онҳоро рад кард.
Пашинян рӯзи 16-уми ноябр вазири корҳои хориҷиро аз мансабаш барканор кард ва ин қарор дар ҳоле қабул шуд, ки Саркисян ва раҳбарони мухолифин ба ҳукумат фишор меоранд, то ба истеъфо биравад.
Бар асоси созиши сулҳи рӯзи 10-уми ноябр, озарбойҷониҳо қаламравҳоеро, ки дар ҷанги сӣ соли пеш ба ҷудоиталабони арманӣ аз даст дода буданд, дубора ба даст меоранд, қисми муҳими кӯҳистонии минтақа ва бахшҳое аз атрофи Қаробоғро таҳти назорати худ дароварданд.
Рӯзи 16-уми ноябр ҳазорҳо эътирозгарони хашмолуд дар кӯчаҳои Ереван раҳпаймоӣ карда, аз талаби 17 гурӯҳи сиёсӣ ба истеъфои Пашинян пуштибонӣ намуданд.

Мақомоти Арманистон гуфтанд, намоишҳои эътирозӣ ғайриқонунӣ аст, чун пас аз шурӯи даргириҳои Қаробоғ дар 27-уми сентябри имсол дар Арманистон қонуни ҳолати ҷанг ба кор даромад ва ин қонун баргузории таҷаммӯъ ва гирдиҳамоиҳоро манъ мекунад.
Гурӯҳи калони оппозитсионии порлумон – “Арманистони шукуфо”, собиқ ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ, ҳизби “Ватан” ва ҳизби Федератсияи инқилобии Арманистон дар миёни 17 созмони сиёсӣ мебошанд, ки аз 10-уми ноябр ба ин сӯ эътирозҳои мардумиро ба роҳ монданд. Раҳбарони ин ҳизбҳо аз замони шурӯи эътирозҳо чанд бор боздошту озод шуданд.
Дар порлумони иборат аз 132 курсӣ гурӯҳи “Иқдоми ман”-и Пашинян ҳамоно аксариятро ташкил медиҳад ва ин чиз метавонад ӯро аз қарори адами эътимоди порлумон ҳифз кунад. Худи Пашинян то ҳол даъватҳо ба истеъфо ва ё интихоботи зудрасро рад карда, рӯзи душанбе вазири умури хориҷӣ Зоҳраб Мнатсаканянро аз мансаб барканор кард.
Пашинян ҳангоми суханрониаш дар порлумон сабаби аз мақом барканор кардани вазирро шарҳ надод, вале гуфт, ки ҳукумат дар пайи чанд барканории дигар ҳам мешавад. Пашинян гуфт, созиши сулҳ танҳо имконият барои Арманистон буд, ки барои ҳифзи Қаробоғи Кӯҳӣ мусоидат мекунад, бо ин вуҷуд ки шаҳри дуюми минтақа – Шушӣ, ки ба озарӣ Шуша ном дорад, таҳти назари озариҳо гузашт.
Бар асоси ин созиш, давоми панҷ соли оянда 2 ҳазор низомии рус дар ҳайати посдорони сулҳ дар минтақа ҷойгир мешаванд. Онҳо, инчунин, вазъи амниятиро дар даҳлези Лочин назорат мекунанд, ки роҳи калидии пайвасткунанда бо минтақа ва Арманистон ба шумор меравад.
Пашинян гуфт, роҳи Лочин аз 16-уми ноябр дубора боз мешавад ва бисёре аз сокинон, ки хонаҳоро тарк кардаанд, метавонанд ба манзилҳои худ баргарданд. Дар пайи даргириҳои ахир ҳисоб шудааст, ки минтақае бо 150 ҳазор аҳолиро аз 75 то 90 ҳазор нафар тарк кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, аз қаламравҳо берун шудани арманитаборон ва ба озариҳо гузаштани онҳо метавонад боис ба фишорҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ болои Арманистон шавад. Қарор аст, 20-уми ноябр ва 1-уми декабр ноҳияҳои Ағдам ва Лочин ба Озарбойҷон гузаранд.
Қаробоғи Кӯҳӣ бахше аз қаламравҳои Озарбойҷон эътироф шудааст. Арманитаборҳои маҳаллӣ аксари сокинони минтақа мебошанд ва баъд аз ҷанги соли 1994 ҳукумати худро роҳандозӣ карда, қарорҳои Бокуро эътироф намекарданд.
Даргириҳои ахир 27-уми сентябр шуруъ шуданд ва дар ин ҷангҳо аз ҳарду тараф беш аз 2 ҳазор сарбоз кушта шуданд. Озарбойҷон омори талафоти ҷониби худро нашр намекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.