расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Вазири рушди иқтисод ва савдо аз корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт

. / Сиёсат

Вазири рушди иқтисод ва савдо аз корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт

Бахшида ба Рӯзи президенти Тоҷикистон дар Вазорат чорабинӣ доир гардид.

Завқӣ Завқизода
Сурат: medt.tj
Ба ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ пешрафти босуботи иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро таъмин намояд, изҳор дошт зимни як чорабинӣ бахшида ба Рӯзи президенти Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода.
Вазир қайд кард, ки дар ин солҳо дар заминаи фароҳам овардани низоми иқтисоди бозаргонӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, хусусан, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин шуд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми ММД аз 1,7 млрд. сомонии соли 2000 то 77,4 млрд. сомонӣ дар соли 2019, яъне 45,5 маротиба зиёд шуд.
Завқӣ Завқизода ҳамчунин таъкид дошт, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000 то ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш ёфт.
Даромади пулии аҳолӣ, зикр намуд Завқизода, аз 1 млрд. сомонии соли 2000 то 48 млрд. дар соли 2019 (яъне 48 баробар) ва музди меҳнати миёнаи як корманд аз 15,6 сомонӣ то 1335 сомонӣ (яъне 85,6 баробар) афзоиш ёфтанд.
Даромади Буҷети давлатӣ аз 300 млн. сомонии соли 2000 то 23,5 млрд. сомонӣ дар соли 2019 ё 78,3 маротиба афзоиш ёфт.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола санаи 16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи президенти ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.