расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Китоби дарсӣ намерасад! Дар Хатлон барои китоб оҳанпора ҷамъ мекунанд

Сиёсат / Ҷомеа

Китоби дарсӣ намерасад! Дар Хатлон барои китоб оҳанпора ҷамъ мекунанд

Кам ва ё набудани чанд номгӯи китоби дарсӣ боиси нигаронии хонандагону омӯзгорони аксар муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон гардидааст. Бо вуҷуди табъу нашри китоб ҳанӯз ин мушкили ҳалли худро пойдо накардааст.
Як китоб — барои 32 хонанда
Камолиддин Эшмуродов, омӯзгори муассисаи таълимии рақами 23-и ноҳияи Қубодиён гуфт, китоби ҳуқуқи инсон дар як синф, ки беш аз 30 хонанда дарс мехонад, як адад аст. Китоби таърихи халқи тоҷик бошад, ду нусха барои як синф дастрас шудаасту халос, — афзуд вай.
“Аз сабаби норасоӣ ва кам будани китобҳои дарсӣ ба мо — омӯзгорон гузаштани дарс мушкил мешавад. Хонанда вазифаи хонагиро омода карда наметавонад. Китоб набошад хонанда чӣ гуна ба мавзӯи дарс пурра сарфаҳм меравад? Синфҳои поёние, ки китоб доранд, хонданашон нисбатан хубтар аст“.      
Хонанда: ба ман китоб нарасид
Нуроим, хонандаи синфи 11-и мактаби зикршуда гуфт, ба ғайр аз китоби ҳуқуқи инсон ва таърихи халқи тоҷик боз китоби физика, алгебра, геометрия, таърихи умумӣ надорем. Ӯ мегӯяд, аз кам будани шумораи китобҳои дарсӣ вақти тақсимот ба ҳамаи мо хонандагон китоб нарасид. Бе китоб омода кардани вазифаи хонагӣ мушкил аст. Ба мавзӯи дарсӣ пурра сарфаҳм намеравем,-афзуд ӯ ва илова кард, ки агар таъмин мекарданд бисёр хуб мешуд.
Ҷамъоварии оҳанпора барои қарзи китоб
Дар ҳамин ҳол Шоимардон Шоимов, китобдори шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён зикр кард, ки эҳтиёҷмандӣ ба китоби дарсӣ бештар аз 14 ҳазор нусха аст. Ӯ мегӯяд, аз фанни физика, забони англисӣ, ҳуқуқи инсон, забони русӣ ва китоби дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ намерасад. Аммо назар ба солҳои пешин вазъ беҳтар аст. “Чанд номгӯӣ китоби дарсӣ овардаем. Китобдорони муассисаҳои таълимӣ қабул намекунанд, зеро ҷамъоварии маблағи иҷораи китоб мушкил шудааст. Қарздор мешаванд. Ҳоло қарзи иҷораи китоб беш аз 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ аст. Хонандагон оҳанпора ҷамъ карданд, то онро фурӯхта қарзи китобро пардохт кунем. Вале афсӯс бо ин роҳ ҳам натавонистем қарзро пардохт кунем”,-илова кард ӯ.
Китоб барои хона?
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус низ бо китоби дарсӣ пурра таъмин нестанд. Абдулло, хонандаи муассисаи таълимии рақами ҳашт мегӯяд, ки танҳо ду китоб дораду халос. Барои дастрас кардани китобҳои дарсӣ ба роҳбари синфаш муроҷиат кардааст. Вале то ҳанӯз дастрас накардаанд.  
Дар ҳамин ҳол Зебонисо Файзиева, роҳбари муассисаи мазкур мегӯяд норасоӣ ҳаст, вале кам мебошад. Хонандагон китобҳояшонро ҳар рӯз ба мактаб намеоранд.. “Бештар китоби забонҳои хориҷӣ ва геометрия намерасад. Ба шуъбаи маорифи ноҳия дархост кардаем. Дар посух гуфтанд, ки агар ба шуъба китоб ворид шавад, ба шумо ҳам дастрас мекунем”-гуфт ин шахси масъул.
Дархост барои 9000 китоб         
Бо вуҷуди кам будани китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритус масъулин вазъро ба таври дигар шарҳ медиҳанд. “Солҳои пеш норасоӣ ба беш аз 60 ҳазор расида буд. Ҳоло ҳудуди 9 ҳазор китоб намерасад. Бо пешниҳоди дархост ба Вазорати маориф ва илми кишвар ин мушкилӣ марҳила ба марҳила бартараф мешавад”,-гуфт Нурулло Нураталлиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аз як синф, ки тахминан 30 хонанда дорад, аз панҷ то бист нафар аз ҳамаи фанҳо китоб надоранд. Сабабро хонандагон дар набудани китоб дар мактаб арзёбӣ мекунанд.                   
         Фирори масъулин аз суҳбат
Перомуни масъалаи мазкур хостем бо Давлатмурод Эшмуродов, намояндаи Маркази таъбу нашри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон суҳбат намоем. Вале ӯ бо ҳар баҳона аз суҳбат худдорӣ кард.
Хулоса
Омӯзгорон норасоии китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таълимӣ боиси камсаводии хонандагон медонанд. Онҳо мегӯянд, дар сурати надоштани китоб хонанда аз мавзӯи дарсӣ пурра огоҳ намешавад ва дар баробари ин дар хона наметавонад мустақилона кор кунад. Пас масъулини мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати маорифро зарур аст, ки барои ҳалли ин масъала, сареътар андеша кунанд. Мо интизори ибтикори масъулинем.
Машраби Аловиддин,
“Тоҷикистон”     

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.