расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ФАВРӢ: ДАР ПАНҶАКЕНТ ЯК ГУРУҲИ ЗАНОН ПЕШИ РОҲИ МОШИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДАРО ГИРИФТАНД

Сиёсат / Ҳаводис

ФАВРӢ: ДАР ПАНҶАКЕНТ ЯК ГУРУҲИ ЗАНОН ПЕШИ РОҲИ МОШИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДАРО ГИРИФТАНД

Нимаи дуюми рӯзи 11 ноябр, пас аз муаррифии раиси нави шаҳри Панҷакент, як гуруҳи занони сокини деҳаи Кабудсанг (собиқ Кӯктош) пеши барои расонидани арзи хеш пеши роҳи мошини раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро гирифтаандХабарнигори шаҳрвандии "Азия-Плюс” дар Панҷакент Хуршед Фозилов мегӯядҳарчанд мақомоти қудратӣ пеши роҳи занонро мегирифтандвале Раҷаббой Аҳмадзода аз мошин фаромадаарзи занҳоро шунид. Ин занҳо аз деҳаи Кабудсанги ҷамоати Халифа Ҳасан мехоҳанд, ки бинои беморхонаи пешини минтақавии дилшиносии шаҳри Панҷакентро барои кӯдакистон ва ё мактаб ба ин деҳа диҳанд. Аммо сардухтури беморхонаи марказии Панҷакент Маҳмадмурод Сафаров гуфтбинои беморхона дар тавозуни онҳо қарор дорад ва ният доранд, ки шӯъбаи эндоҷарроҳиро, ки феълан иҷоранишин аст, ба Кабудсанг кӯчонанд.
Муаллиф: Хуршеди Фозил, махсус барои Asia-Plus
Бо вуҷуди мухолифати милисаҳо Раҷаббой Аҳмадзода аз мошин пойин шуда, арзи занҳоро шунидааст.
 
Пас аз муаррифии раиси нави шаҳри Панҷакент, баъд аз зӯҳри санаи 11-уми ноябр, як гуруҳ занон барои расонидани арзи хеш пеши роҳи мошини раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро гирифтаанд.
Хабарнигори шаҳрвандии "Азия-Плюс” дар Панҷакент Хуршед Фозилов мегӯяд, ки ҳарчанд кормандони мақомоти қудратӣ пеши роҳи занонро мегирифтанд, вале бо ин вуҷуд Раҷаббой Аҳмадзода аз мошин фаромада, арзи занҳоро шунид.
Ин занҳо аз деҳаи Кабудсанги ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан будаанд, ки ба гуфтаи худашон хостори онанд, ки бинои беморхонаи пешини минтақавии дилшиносии шаҳри Панҷакентро барои истифодаи кӯдакистон ва ё мактаб бидиҳанд.
- Мо кӯдакистон надорем, фарзандонамонро ба боғчаҳои шаҳр мебарем. Бигузоранд мо худамон онҷоро боғча кунемЧанд вақт шуд даво дав доремАммо касе хоҳиши моро ба инобат намегирад, - гуфтанд занҳои норизо ба раиси вилояти Суғд.
Аммо сардухтури беморхонаи марказии Панҷакент Маҳмадмурод Сафаров мегӯядбинои беморхона дар тавозуни мо қарор дорад ва мо ният дорем шӯъбаи эндоҷарроҳиро ба онҷо кӯчонемЗеро ин шӯъба айни замон иҷоранишин аст.
Вале раиси ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан назари дигар дорад. Эркин Тӯхтаевраиси ҷамоати мазкур дар суҳбат гуфтзамини беморхона то ҳол дар тавозуни хоҷагии деҳқонии "Саъдулло Рӯзиеваст.
- Мо ҳам мактуб карда будемки ин биноро барои кӯдакистон ба мардуми деҳаи Кабудсанг диҳанд .
Беморхонаи минтақавии дилшиносии шаҳри Панҷакентсоли 2012 бунёд ёфтааст ва он барои мардуми ноҳияҳои Мастчоҳи КӯҳӣАйнӣ ва шаҳри Панҷакенти водии Зарафшон хизмат мерасонид.
Моҳи сентябри соли равон баъди ба истифода додани бинои нави беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, шӯъбаи дилшиносии минтақавӣ ба ин бино кӯчид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.